Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзномаи «Молия ва иқтисод» даҳсола шуд

Рӯзномаи «Молия ва иқтисод» даҳсола шуд

Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи ҷудонопазиру муҳимми ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад. Матбуот дар ҳама давру замонҳо яке аз қадимтарин воситаҳои ахбори оммаест, ки бо муассирӣ, боэътимодӣ ва дарозумрии худ аз дигар навъҳои ВАО фарқ мекунад. Новобаста ба рушди воситаҳои электронии ахбор, пешрафти илму техника ва Интернету саҳифаҳои иҷтимоӣ ва дигар навъҳои нави иттилоърасонӣ матбуот ҳанӯз ҳам дар низоми ВАО ҷойгоҳи хос дорад. Матбуоти даврӣ ҳамчун воситаи классикии ахбори омма, аз нигоҳи сареияти пахши ахбор каме таъхир намояд ҳам, вале он воситаи муассирест барои муколама бо ҷомеа, музокираи мушкилоти мавҷуда, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таъсир расонидан ба афкори хонанда. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 376 рӯзнома - 112 давлатӣ ва 264 хусусию ҷамъиятӣ, 245 маҷалла - 114 давлатӣ ва 131 хусусию ҷамъиятӣ, 319 матбаа, аз он 37 давлатӣ, 282 хусусию ҷамъиятӣ, 71 нашриёт, аз ин 10 давлатӣ ва 61 хусусию ҷамъиятӣ, 1 хабаргузории иттилоотии давлатӣ ва 10 мустақил фаъолият менамоянд, ки дар рушди фазои иттилоотии Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд ва бозгӯи густариши мунтазами соҳа дар Тоҷикистон мебошад. 
Имрӯзҳо аз таъсиси нашрияи донишгоҳии “Молия ва иқтисод” 10 сол пур шуд. Шумораи аввалини он соли 7 марти соли 2013 бо теъдоди 3000 нусха рӯйи чоп омад. Моҳи март 204-ум шумораи рӯзнома чоп мешавад. Маҳз дар арафаи Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуот таъсис ёфтани рӯзнома ин рамзист, зеро дар фазои иттилоотии кишвар як нашрияи дигар афзуд. 
Дар чор шумораи аввалини он сармуҳаррир Ҳанифаи Муҳаммадохир буд ва дар пурмазмун гардидани маводи он саҳми бузург гузоштааст. Махсусан, ин рӯзноманигор дар сарлавҳамонӣ ҳамто надорад, ки инро дар ҳамон шумораҳои аввалини рӯзнома низ пайхас бурдан мумкин аст. Аз моҳи майи соли 2013 сармуҳарририи ин нашрия бар зиммаи банда вогузор карда шудааст. Инак, даҳ соли пурра аст, ки ин вазифаро бо масъулияти баланд иҷро намуда истодаам. 
Бояд гуфт, ки рӯзноманигорӣ худ касби хеле пурмашаққат ва пурмасъулият буда, аз шахс ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати баланди нигорандагӣ, дониши энсиклопедӣ ва дарки моҳияти рӯйдодро талаб менамояд. 
Ҳар як нашрия ин мактаби махсуси рӯзноманигорӣ аст, ки дар заминаи он журналистони касбӣ тарбия меёбанд ва ба гуфтае, дасташон рост мешавад. Дар муддати 10 соли фаъолият дар идораи рӯзнома як қатор рӯзноманигорону муҳаррирон, ба мисли Саъдулло Носиров, Убайдулло Бобоев, Насрулло Тӯйчизода, Камолиддин Шарифов, Хисрав Муҳиддинов, Фарзона Ашурова, Нуралӣ Раҳимзода, Ифтихор Юсуфов, Бахтигул Каримова, Бибиноз Муродалиева, марҳум Елена Маҷидова кору фаъолият кардаанд, ки ҳар кадоми онҳо навгоние ва ё саҳме барои рангинтар шудани нашрия гузоштаанд. Нафароне, ки дар шуъбаи табъу нашр кор кардаанд, дар ҳамин макон ба камолоти эҷодӣ расида, сабзидаанд - ба қуллаҳои баландтарин баромаданд, ки мо аз онҳо ифтихор дорем. 
Бояд иқрор шуд, ки дар давраи фаъолияти ин рӯзноманигорон рубрикаву гӯшаҳои ҷолибе, ба мисли “Тафсири як масал”, “Замоне ман ҳам донишҷӯ будам...”, “Ояндасоз”, “Беҳтаринҳо”, “Донишҷӯ донистан мехоҳад” ва дигарҳо рӯйи кор омаданд, ки хеле хонданибоб буданд. 
Ҳайати эҷодии феълии нашрия низ аз рӯзноманигорони пуртаҷриба иборат буда, мекӯшанд, ки дар ҳар як шумораи он маводи хондание ба мухотабони худ расонанд. Устоди журналистон профессор Иброҳим Усмонов ҳангоми дарсҳои маҳорати журналистӣ ба мо журналистони оянда таъкид месохтанд, ки журналист бояд бикӯшад, ки маводи имрӯзааш аз дирӯза беҳтару хонданитар ва самимитар бошад. Барои ин рӯзноманигор пайваста бояд омӯзад ва худро такмил диҳад, идеяи нав пешниҳод намояд, навиштаҳояш обшуста набошанд, матлабашро хонанда бесаброна интизор бошад. 
Бешак, симои ҳар як рӯзномаро қаламбадастони он муайян мекунанд. Яъне, журналист бо маводи муаллифии хонданӣ ва ҷолиб мисли соҳир аст, чунки афроди баргузида андешасозанд ва метавонанд ба раванди ҷомеа ва тарбияи инсон таъсир расонанд. Ин аст рисолати рӯзнома, мо тавассути рӯзнома ҷомеаро тарбия менамоем, бо ақидаҳои созанда барои некбин шудани хонанда мусоидат менамоем ва дар тарғиби идеология саҳм мегузорем. 
Албатта, ҳамаи ин дастуру тавсияҳоро дар фаъолияти эҷодии хеш ба кор бурдаем ва талош дорем, ки нашрияи “Молия ва иқтисод” ҳамчун як нашрияи соҳавӣ дар фазои иттилоотии кишвар ва дар байни нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойгоҳи махсуси худро дошта бошад. 
Имрӯз нашрия рисолати худро ҳамчун инъикоскунандаи ҳаёту фаъолият ва меҳвари идеологии муассиси худ - Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бошарафона иҷро менамояд. Онро метавон бойгонӣ ва таърихи ҷовидонаю оинаи таълимгоҳ номид, зеро ҳамаи чорабиниҳо дар он мунъакис мегарданд. Бояд таъкид сохт, ки кормандони шуъбаи табъу нашр ҳамагӣ дар омодасозии рӯзнома, маҷаллаи илмӣ, пурра сохтан ва пеш бурдани сомонаи донишгоҳ ва саҳифаҳои иҷтимоии таълимгоҳ саҳми беназире мегузоранд ва маълум аст, ки афроди эҷодкор ниёз ба илтифот ва шароити мусоид - оромиву хотирҷамъӣ дорад. Метавон гуфт, ки ин ҳама дастгириро мо аз ҷониби раёсати таълимгоҳ ва ректорони қаблӣ, аз ҷумла муҳтарам Мирбобоев М. (маҳз бо дастгирии эшон рӯзнома таъсис ёфт), Солеҳзода А.А., Давлатзода Қ.Қ., Хайрзода Ш.Қ. ва сарвари феълии донишгоҳ Абдуалимзода Ҳ.А. дидем ва он дасту дили моро ба эҷод гарм намуда, барои фаъолияти софдилонаи минбаъда раҳнамун месозад. 
Ҳайати эҷодии рӯзнома, ҳамчунин, ба муаллифону хонандагону муштариёни доимии рӯзнома арзи сипосу эҳтироми хешро арза медоранд, зеро эшон бо матолиби ҷолиб, бо таклифу пешниҳодҳои арзанда ва ҳамовозиҳои созанда барои идомаи фаъолияти густурда ва рангорангии рӯзнома саҳми хешро гузоштаанд. Ин ҷо ёдовар шудан аз номи эшон басо бамаврид аст, ба мисли Ҷумъа Махшул (коршиноси самти назм), Аслон Ҳомидов, Ғуломҷон Мирзоев, Қутбия Ҳомидова, Мастура Буриева, Ҷаъфар Қодиров ва чандин дигарон, ки бо навиштаҳои хеш рӯзномаи моро боз ҳам рангинтар намудаанд. 
Мусаллам аст, ки рӯзнома бе хонанда ҳеҷ аст, агар рӯзнома як хонанда дошта бошад ҳам, он зинда мемонад. Бинобар ин, мо бо хонандаи хеш зиндаем ва барои ӯ менависем. Итминони комил дорем, ки рӯзнома солҳои минбаъда низ дар тарғибу инъикоси ҳаёти донишгоҳ, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ ва худогоҳии онҳо хизмат менамояд ва мавқеашро боз ҳам устувортар мегардонад. 


Машҳура Абдуллоева, сармуҳаррир