Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Лексияи кушоди профессори Донишгоҳи байналмилалии Токио дар ДДМИТ

Лексияи кушоди профессори Донишгоҳи байналмилалии Токио дар ДДМИТ

Дар доираи нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ санаи 13-14-уми марти соли 2023 бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва шуъбаи мониторинги сифати таълим профессори Донишгоҳи байналмилалии Токио ҷаноби Фунбаси Гаку ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф овард. 
Дар доираи ин сафар лексия дар мавзуъҳои зерин, аз ҷумла “Тараққиёти саноати Ҷопон, хусусиятҳои технология барои соҳаҳои рақобатпазир ва ғайрирақобат”, “Низоми иқтисоди Ҷопон, нақши мактабҳои олӣ, беҳамто будани иқтисоди Ҷопон”, “Принсипхои тараққиёти иқтисодиёти Ҷопон”, “Хусусиятҳои иқтисоди бозории Ҷопон”, “Проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии саноати Ҷопон дар шароити гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ”, “Нақши мактабҳои олӣ дар тараққиёти иқтисодиёти Ҷопон”, “Усул ва равишҳои ҷолиб гардонидани машғулиятҳои дарсӣ (лексияҳо) аз фанни иқтисодӣ” (таҷрибаи шахсии профессор), “Алоқаи давлат бо муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, “Усулҳои баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои олӣ”, “Таҷрибаи Ҷопон дар тайёр кардани мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи маориф, махсусан аз фанҳои иқтисодӣ”, “Таҷрибаи навсозии иқтисодиёти Ҷопон дар ташаккули соҳибкорӣ ва хусусиятҳои ташаккули соҳибкории занон дар пешбурди иқтисодиёт” аз ҷониби профессор Фунбаси Гаку хонда шуд. Дар он як қатор масъалаҳои мубрами иқтисодиёти байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаҳо дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. 
Дар рӯзи дуюм суҳбати озод бо устодон, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, усулҳои муосири таълим, таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, низоми магистрӣ, бакалавриат мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкорихои дуҷониба роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон ҷаноби Такасака Мунео, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қодиров Ф., мушовир оид ба таҳияи лоиҳа ҷаноби Сумит Ясо, мушовири барнома Атоев Ш, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот Муллоҷонов А., кормандон Убайдов Ф., Носиров С., Холбобоев Р., Иброҳимов Д., директори Парки технологии донишгоҳ Убайдуллоев Ф., декани факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Муқимов Қ., декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Темурбекова С., сардори Раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е., мудирони кафедраҳо Насриддинов Ф.Б., Давлатов Х., Аламшоева М., Неъматов И., Буриева М., Давлатшоева З., дотсенти кафедраи омор Маъдиев С., омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ баромад намуданд. 
Гуфта шуд, ки омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда дар тадриси фанҳои иқтисодӣ нақши муҳим мебозад ва бо ин восита, дар рушди устувори иқтисодии кишвар саҳми калон мегузорад. Сифати баланди таълим дар риштаи иқтисодиёт ба сатҳи рушди касбияти мутахассисони соҳаи иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. 
Дар ҷамъбасти лексия аз тарафи ШМИСТ, Парки технологӣ ва кафедраи менеҷменти донишгоҳ бастани қарордод бо Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон мавриди пешниҳод қарор гирифт, ки аз тарафи профессор Фунбаши Гаку пазируфта шуд. 
Дар охир доир ба идома додани ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди муносибатҳои илмию тадқиқотӣ, мубодилаи устодон ва донишҷӯён, магистрантон, таҳияи барномаҳои муштараки фанҳои иқтисодӣ, технологияи информатсионӣ, иқтисоди рақамӣ ба роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон пешниҳодҳо намуданд. 


Убайдов Ф.