Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ

Вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ

Санаи 17-уми марти соли равон бо иштироки бевоситаи ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода ва роҳбарони сохторҳо бо мақсади ободу зебо гардонидани саҳни донишгоҳ, ҳифз намудани табиати зебо, тозаю озода нигоҳ доштани роҳравҳо, гулгашти майдонҳо бахшида ба таљлили Наврӯзи байналмилалӣ маъракаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд. Дар рафти гузаронидани ин  чорабинӣ 45 дарахти сӯзанбарг, 70 дарахти арча ва 32 ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд. Ҳамчунин, ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо нарм карда шуд.
Бино ба иттилои Диловар Муродов, муовини ректор оид ба масъалаҳои маъмурию хољагидорӣ мақсад аз гузаронидани ин чорабиниҳо ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю гирду атрофи гузаргоҳҳои донишгоҳ мебошад. Танҳо дар ҳафтаи гузашта аз тарафи  кормандони бахши хољагидории донишгоҳ бехи 70 дарахти серена, 34 арча нарм карда шуда, ғизоҳои иловагӣ дода, ҳамчунин 4200 гули садбарг ва 2000 гули мавсимӣ шинонида шуданд.
Гузаронидани чунин ободкориҳо симои донишгоҳро зебою дилкаш намуда, барои фаъолияти пурсамар дилгарм мекунад ва дар ниҳоди љавонон ҳисси зебоипарастиро бедор месозад.


Тағоймурод Эшзода