Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тантанаи наврӯзӣ - таҷассумгари зиндагии обод

Тантанаи наврӯзӣ - таҷассумгари зиндагии обод

Рӯзи 18-уми март дар донишгоҳ Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. 
Тантанаи наврӯзӣ бо овози дилнавози карнаю сурнай ва рақсу сурури ҷавонон оғоз шуд. Дар базми наврӯзӣ донишҷӯён бо ороиши дастархони идонаи «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус, аз ҷумла дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён, намоиш ва азбарнамоии либосҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои наврӯзиро ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. 
Дар баробари ин, либосҳои арӯсии манотиқи гуногуни Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шуд, ки аз фарҳанги ғании миллии мо далолат мекунанд. 
Дар як тарафи Наврӯзгоҳ писарону духтарон гулбазм ороста, бо ҳам шеърхонӣ мекарданд, ки як рамзи иди Наврӯз маҳсуб меёбад. 
Ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бо ҳамроҳии меҳмонон, муовинон, сардорони раёсатҳо ва деканҳои факултетҳо аз намоишгоҳ дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. 
Дар саҳни донишгоҳ варзишгарон ба намудҳои гуногуни варзишӣ, ба мисли гӯштингирӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ машғул буданд, ки ин ҳам як рукни наврӯзӣ аст. 
Баъдан, базми наврӯзӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ ботантана идома ёфт. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз аз иқдомоти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин муаррифии халқи тоҷик ва анъанаву одатҳои мо дар арсаи байналмилалӣ аст. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мо буда, дар омӯхтани таъриху тамаддун, расму оинҳои миллии мо нақши муассир дорад ва мардумро ба созандагӣ, зебоишиносӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳидоят менамояд. 
Ҳакимбек Абдуалимзода дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бошукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро барои арҷгузории суннатҳои бостонии наврӯзӣ даъват намуд. 
- Мо, аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ низ ҳарчи бештар бояд суннатҳои миллии онро эҳё намуда, дар дастгирии ятимон ва кумак намудан ба ниёзмандон пешсаф бошем, - гуфт ректор. 
Меҳмонони маҳфил Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода бо сухани табрикӣ баромад намуданд. 
Ҳамчунин, ба омӯзгорону кормандон, аз ҷумла, ба декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ғиёсиддин Ғафуров, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикорупсионӣ Тахмина Шарифзода, инчунин, муаллими калони ин кафедра Раҳматулло Ҳомидов ва ба омӯзгори кафедраи забони русӣ Рухшона Давлатова нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба директори Парки технологии ДДМИТ Фаридулло Убайдуллоев бошад, нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 
Дар идома бахшида ба Рӯзи Наврӯз ба чанд нафар устодону кормандони фаъол, ба монанди С. Муҳаммадиева, Ф. Қодиров, С. Темурбекова, М. Мадислом, М. Манғитов, Ф. Убайдуллоев, Ҷ. Зубайдов, Ф. Иноятов, Ф. Давлатов, М. Муллоев барои фаъолияти пурсамар дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд. 
Аз номи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди гӯштингирӣ ва шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба раёсати ДДМИТ Ифтихорнома тақдим гардид. Ба донишҷӯёне, ки дар ин ва дигар мусобиқаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. 
Дар идома мусобиқаи варзишии волейбол, ки ба муносибати Иди Наврӯз дар байни кормандон ва устодон гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Ҳамин тавр, дастаи волейболбозони факултети иқтисод ва бизнес сазовори ҷойи аввал, факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷойи дуюм ва факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ҷойи сеюми мусобиқаро соҳиб гардиданд. Ҳамчунин, ба устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ Шокиров Собир унвони «Довари беҳтарин» ва ба муаллими кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳадятулло Расулзода унвони «Бозингари беҳтарин» супорида шуд. 
Дар қисмати бадеӣ Арӯси сол ва Бобои деҳқон ба саҳна омада, ҳамагонро табрик гуфтанд ва Бобои деҳқон рамзан ба замин донаи умеду баракат кишт ва аз шавқи баҳору Наврӯз дили ҷавонон ба шӯр омада, бо ҳам шеърхонӣ карданд. 
Сурудҳои дилнавози лирикӣ, рақсҳои мавзуни донишҷӯдухтарон ва саҳначаҳои ҳаҷвии омоданамудаи ансабли “Ҷавонӣ” ба базми наврӯзӣ шаҳомати дигар ва ба дилҳо фараҳу шодӣ овард. 
Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишгоҳ бозгӯи эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангдӯстии иштирокдорони он буд. 


Машҳура Абдуллоева, 
Наврӯз Ҷобиров