Хабарҳо
Мақсади асосӣ - самаранок истифода бурдани захираҳо
Санаи 28-уми марти соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ семинари доимоамалкунандаи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Муҳаққиқони ҷавон” дар мавзуи “Гурӯҳбандии андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.
Сипас Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм баромад намуда, иброз дошт, ки мавзуи семинари мазкур муҳим ва барои рушди иқтисодиёти миллӣ аҳаммиятнок аст.
Дар робита ба ин, К. Файзуллоев, ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ дар мавзуи «Гурӯҳбандии андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан намуда, қайд кард, ки дар соли 2023 33,8%-и қисми даромади андозии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ба нақша гирифта шудааст, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодии давлат нақши босазо дорад.
Номбурда, ҳамчунин, дар бораи ташаккулёбии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ маълумоти пурра дод ва зина ба зина аз таърихи қабули кодексҳои андоз дар солҳои гуногун, такмили он, сиёсати андоз, воситаҳои андозбандӣ ва дигар унсурҳои ин соҳаро мушаххасан таҳлил ва баррасӣ намуда, ба суолҳои шунавандагон низ ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Тағоймурод Эшзода