Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши пиряхҳо дар таъмини оби тоза

Нақши пиряхҳо дар таъмини оби тоза

Зери ҳамин унвон дар ҳошияи ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эълон гардидани соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул гардидааст, бо ибтикори факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид. 
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Хоҷазода Давронҷон оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки 19-тои он хеле бузурганд. Маҳз онҳо манбаи аслии оби дарёҳо ба шумор мераванд. Оби тозае, ки аз ин пиряхҳо ҷорӣ мешавад, на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хеле зарур мебошад. 
Баъдан Одил Улуғов, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии донишгоҳ дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо ва аҳаммияти он” маъруза намуда, иброз дошт, ки пиряхҳо моро бо об таъмин мекунанд ва ин сарвати асосӣ мебошад. 80 дарсади обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, тавассути дарёҳои Зарафшон, Амударё ва Сирдарё ба кишварҳои ҳамсоя меравад, аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо аҳаммияти минтақавӣ дорад. 
Ҳамоиш бо суолу ҷавоб ҳусни анҷом пазируфт. 


Тағоймурод Эшзода