Хабарҳо
Баргузории аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем»
Имрӯзҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии онҳо ва тарғиби маданияти либоспӯшӣ дар фасли баҳор дар пойтахти мамлакат пӯшидани атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Вобаста ба ин санаи 15-уми марти соли ҷорӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” аксияи тарғиботию ташвиқотӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз бонувон ва донишҷӯдухтарон дар саҳни донишгоҳ ҷамъ омада, оид ба таърихи либоси миллӣ ва тарзи пӯшидани он суҳбат гузаронда, ҳамагонро ба он даъват намуданд, ки бонувон ва духтарон дар фасли баҳор либоси миллӣ бипӯшанд, муҳиммият ва таблиғи либоси миллӣ ва тарзи пӯшидани тоҷиконаро васеъ истифода намоянд.
Мавриди зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст.
Раёсати донишгоҳ бо ин гуна тадбирҳо пайваста дар муаррифии либосҳои миллӣ тибқи талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ саҳмгузорӣ менамояд.
Таҳмина Умаралиева, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занон ва донишҷӯдухтарон