Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибони озмун дар сатҳи донишгоҳ муайян гардиданд!

Ғолибони озмун дар сатҳи донишгоҳ муайян гардиданд!

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми феврали соли 2023 таҳти №АП-330 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, дар ДДМИТ даври аввали озмуни мазкур баргузор гардид. 
Хотирнишон бояд сохт, ки ин озмун аз санаи 13-ум то 18-уми марти соли ҷорӣ дар ДДМИТ дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид ва аз иштирокчиён 25 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд. 
Дар даври донишгоҳӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Б. Ҷӯрахонзода мақсади озмунро баланд бардоштани донишу малака, бою ғанӣ гардонидани фонди луғавӣ, бархурдор будан аз фарҳанги гузаштагон, аз бар намудани абёти шоирони классику мосир, беҳтару хубтар муошират намудан бо забони ноби тоҷикӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз байни ҷавонон муаррифӣ намуд. 
Сипас, муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров аҳли нишастро барои иштирок дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд. 
Аз 25 нафар иштирокчии озмуни мазкур 7 нафар донишҷӯ холҳои баландро ба даст оварда, ба даври ноҳиявӣ, ки моҳи майи соли равон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд: 
1. Таманно Нурбекова, донишҷӯи курси 3 факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар номинатсияи эҷоди назм. 
2. Эҳсон Ҳомилзода, донишҷӯи курси 1 факултети иқтисод ва бизнес дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик. 
3. Гулоим Холова, донишҷӯи курси 1 факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик. 
4. Моҳира Изатуллозода, донишҷӯи курси 2 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик. 
5. Манижа Шавқатзода, донишҷӯи курси 1-уми факултети молия ва қарз дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон. 
6. Шукрулло Қаландаров, донишҷӯи курси 2 факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик. 
7. Меҳрафрӯз Мирзоева, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик. 
Мо ба донишҷӯён - иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барору комёбиҳо таманно намуда, умед ба он мебандем, ки эшон дар даврҳои минбаъда низ эътибори донишгоҳамонро боз ҳам баланд мебардоранд. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия