Хабарҳо
Ҳадаф: омодасозии кадрҳои баландихтисос
Санаи 30.03.2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддин Қаҳҳорзода бо ҳайати раёсат ва профессорону устодони донишгоҳ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, бо ҳам пайвастани назария бо амалия ва дарёфти роҳу усулҳои нави ҳалли муаммоҳои бахши молия мебошад.
Сараввал ректор баромад карда, оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, дастгириҳои давлату Ҳукумат ва дастовардҳои муассиса истода гузашт. Сипас, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Қаҳҳорзода суханронӣ намуда, оид ба дастгириҳои соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат, тақвияти корҳо дар самти омодасозии мутахассисони соҳа ва баланд будани нуфузи ДДМИТ дар ҷомеа маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дастовардҳои донишгоҳ дар ҳама самтҳо воқеан зиёданд. Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ, ба истифода додани бинои нави таълимӣ ва ёдрас шудан аз шароитҳои хуби таълим дар Паёми Пешвои миллат воқеан дастовардҳои беназири донишгоҳ мебошанд. Инчунин, Ф.Қаҳҳорзода таъкид намуд, ки ДДМИТ маркази омодакунии кадрҳои соҳаи молия мебошад ва зарур аст, ки ин мавқеи донишгоҳ боз мустаҳкамтар карда шавад. Саҳми муассиса дар ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия бениҳоят калон аст. Донишгоҳ имкон дорад тавассути омода кардани кадрҳои баландихтисос дар ҷалби сармояҳо, рушди ҳукумати электронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, ғайринақдикунии иқтисодиёт, амалинамоии ислоҳоти иқтисодӣ ва пешбурди сиёсати молиявӣ саҳми бузург ва ҳалкунанда гузорад. Зарур аст, ки кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди таълим ва ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ба раванди кор дар сохторҳои вазорат бештар ҷалб карда шаванд. Таъкид карда шуд, ки яке аз роҳҳои асосии беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани раванди таълим ин боз ҳам наздиктар намудани назария бо амалия мебошад.
Вохӯрии мазкур дар фазои озоду ошкор баргузор гардида, дар он профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳои соҳаи молия баён доштанд. Аз ҷумла, профессорони донишгоҳ Баҳром Шарипов, Манзура Кошонова, Ҳамидуллохон Фақеров, Шавкат Исмоилов, дотсентон Саъдихоҷа Маъдиев, Саидалӣ Ҳаитов, муовинони ректор Фирӯз Қодиров, Баҳром Сафаров ва Баҳодур Ҷурахонзода андешаҳои худро оид ба рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, ташкили курсҳои гуногун дар заминаи ДДМИТ, корҳои илмиву тадқиқотии фармоишӣ, дастрас кардани адабиёти илмӣ ба донишҷӯён, тағйири тафаккури иқтисодии ҷавонон, масъулиятшиносии кормандон, амалинамоии Стратегияи рушди донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайвастани назария бо амалия иброз доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ ташкил карда шуда, ҳамкории донишгоҳ бо вазорату сохторҳои гуногун зичтар карда мешаванд.
Фаридун Сафарзода