Хабарҳо
Аввалин ҳимояи рисолаи докторӣ дар шурои диссертатсионии донишгоҳ
Хурсандиовар аст, ки рӯз ба рӯз сафи устодони унвони илмидошта меафзояд ва иқтидори илмии донишгоҳ тақвият меёбад. Ин навбат дастовард хеле беназир аст. Дар таърихи донишгоҳ бори аввал дар шурои диссертатсионӣ рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуд. Шералиев Эмомалӣ Нуралиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молияи ДДМИТ мебошад, ки дар мавзуи «Хусусиятҳои минтақавии баҳои самаранокии истифодаи заминҳои аридӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон (назария, методология ва амалия)» аз рӯйи 08.00.03- Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014- и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рисолаи докториашро бомуваффақият ҳимоя кард.
Мушовири илмиаш Красношеков Валентин Николаевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идораи истифодаи захираҳои табиӣ ва муҳофизати муҳити зисти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия мебошад.
Мубрамии таҳқиқоти мазкур аз он бармеояд, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тезутундшавии вазъи экологӣ дар минтақаҳои аридӣ таѓйироти куллиро дар муносибатҳои аграрӣ, заминдорӣ, бахусус, дар бахши истифодаи самараноки захираҳои замин ва беҳдошти муҳити зист тақозо менамояд. Ин вазъ ба низоми заминдорӣ тайи даҳсолаҳои охир вобастагӣ дошта, барои таъмини бехатарии экологӣ, озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, дар маҷмуъ, бетаъсир намондааст. Зарурати такмили механизми экологию иқтисодии танзими истифодаи захираҳои замин, омӯзиши паҳлуҳои назариявӣ-методологӣ ва амалии баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои заминҳои минтақаҳои аридӣ дар заминаи стратегияи рушди устувори соҳаи кишоварзӣ интихоби мавзуъ, мубрамият, ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқоти илмиро муайян намудаанд.
Мо итминони комил дорем, ки таҳқиқоти анҷомёфта дар оянда дар амал татбиқ мегардад ва барои беҳтар кардани вазъи соҳа мусоидат хоҳад кард.
Бо ин дастоварди нодир Шералиев Эмомалиро муборакбод намуда, барояш муваффақиятҳои навинро дар корҳои илмию педагогии минбаъдааш таманно дорем.