Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳифзи пиряхҳо - омили рушди устувори иқтисодиёт

Ҳифзи пиряхҳо - омили рушди устувори иқтисодиёт

Таҳти чунин унвон рӯзи 1-уми апрели соли равон дар ДДМИТ бахшида ба эълон гардидани соли 2025 - Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Баҳром Сафаров баромад намуда, иброз дошт, ки ин конференсия дар доираи нақшаи чорабиниҳои илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардида, мавзуи обу иқлим чун масъалаи муҳим дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди муҳокимаҳои гуногун қарор гирифтааст. 
- Тавре мо аз воситаҳои ахбори омма огоҳем, рӯзҳои 22-24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро роҳбарӣ намуданд, ки ин яке аз саҳифаҳои навин дар ҳаёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, - афзуд Б. Сафаров. 
Дар идома директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Анвар Қодиров дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба бехатарии захираҳои обӣ» маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Номбурда дар баромади хеш қайд кард, ки имрӯз инсоният ба як мушкилоти ҷиддӣ - норасоии об ё нобаробар тақсим шудани ин неъмати табиӣ гирифтор шудааст. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо саъю талошҳои Пешвои миллат 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. 
Ба андешаи мавсуф, 92 дарсади оби ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир баландшавии ҳарорати ҳаво ба назар мерасад. Аз ҳама пиряхҳои устувор дар ҷумҳурии мо боқӣ мондаанд. Мутаассифона, солҳои охир аз сабаби зиёдшавии чангу ғубор обшавии пиряхҳо ба мушоҳида мерасад. Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 маротиба чангу ғубор рух дод, ки ба он бетаъсир намонд.
А. Маҳмадмуродов, дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ зимни ироаи маъруза дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба бехатарии захираҳои обӣ» ин масъаларо бо далелҳои амиқи илмӣ ва овардани мисолҳо аз вазъи ҷаҳони имрӯза баён намуд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ О. Улуғов дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба бехатарии захираҳои обӣ» маъруза намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ иброз намудаанд, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи сабз кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Дар конфронс дар маҷмуъ, 20 маърузаи илмӣ пешниҳод гардида, пахлуҳои гуногуни ин масъала аз назари олимон ва муҳаққиқон баррасӣ гардид.
Дар охир суолу ҷавоб ва муҳокима сурат гирифт.

Наврӯз Ҷобиров