Хабарҳо
Арзёбии роҳҳои пешгирии обшавии пиряхҳо
Ҷиҳати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо имрӯз дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дарси кушод бо иштироки донишҷӯён ва устодон баргузор гардид.
Онро декани факултет С. Темурбекова ифтитоҳ намуда, гуфт, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шудааст. Дар ҳақиқат, тағирёбии иқлим дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар нест. Ин офати сустҳаракаткунанда аст ва оқибат ба ҳама кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Роҳҳои ҳалли он ба ҳукумати ҳамаи мамлакатҳо дахл дорад.
Сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ А.Давлатзода дар баромади худ қайд намуд, ки пешгӯиҳои охирин нишон медиҳанд, ки Артика метавонад дар тобистони соли 2025-2030 аз ях озод шавад. Гармшавии иқлим метавонад боиси ба минтақаҳои қутбӣ гузаштани доираи намудҳои биологӣ ва зиёд шудани эҳтимолияти нобудшавии намудҳои хурд-сокинони минтақаҳои соҳилӣ ва ҷазираҳо гардад ва гурезаҳои экологӣ пайдо шавад.
Омӯзгори кафедраи табиатшиносӣ А.Сулаймонов дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон” қайд намуд, ки дар марзи Тоҷикистони имрӯза 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шуда, майдони умумии онҳо 8476, 2 километри мураббаъро ташкил мекунад, ки қариб 6 фоизи масоҳати ҷумҳуриро дар бар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири шимолию ғарбӣ кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландии 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 метр ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мураббаъ об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километр мукааб об медиҳад, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.
Дар музокира донишҷӯён ва устодон баромад намуда, оид ба роҳҳои пешгирии обшавии пиряхҳо андешаҳои судманд баён намуданд.
Тағоймурод Эшзода