Хабарҳо
Дастури ректор барои фаъолияти пурсамар
Имрӯз, яъне 4-уми апрели соли равон, вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо деканони факултаҳо ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» доир гардид, ки хеле таъсирбахшу судманд буд.
Вохӯриро Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ифтитоҳ намуда, фаъолияти ин ташкилотро шарҳу тавзеҳ дод. Қайд гардид, ки ташкилот, ки айни ҳол 26 аъзо дорад, дар заминаи Клуби волонтёрон таъсис дода шудааст ва дар муддати 5 соли фаъолияти худ доираи зиёди донишҷӯёнро фаро гирифтааст. Он дар мадди аввал маърифати истифодабарии самараноки вақтро ба ҷавонон омӯзонида, сипас онҳоро дар доираи бахшҳои технологӣ, инноватсионӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ба ҳам оварда, бо иштироки шахсиятҳои варзидаву мутахассисони дорои таҷрибаи замонавӣ аз муассиртарин донишҳои самтҳои зикргардида баҳравар месозад. Инчунин, ташкилот ташаббускори аслии ҷалби ҷавонон ба нишасту ҳамоишҳо, семинару тренингҳо, мизҳои мудаввару конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Баъдан, Абдуалимзода Ҳ.А., ректори доишгоҳ сухан карда, ҷавононро неруи созанда ва ояндаи миллат хонд.
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос доранд ва онҳоро доимо ҳавасманд ва дастгирӣ менамоянд. Ин аст, ки дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, бахусус донишҷӯён, ҳамаи шароитҳо дар макотиби олии мамлакат муҳайё гашта, барои донишандӯзии онҳо кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд,- гуфт ректор.
Ҳамчунин, ректор дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар донишгоҳ, тозагии гирду атроф, истифодаи бемақсади телефонҳои мобилӣ, дар бораи давлатдории тоҷикон, омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат, перомуни азхудкунии донишҳои замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ андешаронӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат»-и донишгоҳ барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар навбати худ, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ иброз доштанд, ки сиёсати Пешвои миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои сохтани ҷомеаи озоду ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани мақоми донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ сарф хоҳанд намуд.
Гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, бо ин васила метавон дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва тарбияи донишҷӯён дар интихоби роҳи дуруст ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо такони ҷиддиеро ворид намуд.
Тағоймурод Эшзода