Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси кушод дар бораи масъалаҳои экологӣ ва об

Дарси кушод дар бораи масъалаҳои экологӣ ва об

Бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои академии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ санаи 4-уми апрели соли равон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти масъалаҳои экологӣ ва об» баргузор гардид. 
Сараввал мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ М. Буриева иброз дошт, ки ҷаҳони имрӯзаро чолишҳо ва ҳолатҳое фаро гирифта истодаанд, ки ягон нафари моро бетараф гузошта наметавонад. Мавзуъҳое, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, хеле мубрам ҳисобида мешаванд. 
Дар идомаи дарси кушод муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Т. Эшбеков дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти масъалаҳои экологӣ ва об» ва ассистенти ҳамин кафедра М. Ҳакимов дар мавзуи «Иқтисоди сабз ҳамчун омили рушди устувор» баромад намуданд.
 Гуфта шуд, ки вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон ба омилҳои экологӣ вобастагии бештар пайдо намуда, зарурати ба миён омадани модели нави иқтисодиро, ки омилҳои иҷтимоию экологиро халалдор месозад, ба вуҷуд овардааст. Имрӯз масъалаи истифодабарии самараноки об дар ҷаҳон яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ташаббусҳо нишон дода, онро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамчун мушкилоти марказии ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. 
Дар фарҷом аз тарафи донишҷӯён ба маърузакунандагон саволҳо пешниҳод гардида, посухҳо дода шуданд. 


Тағоймурод Эшзода