Хабарҳо
Чорабинии сиёсӣ бо донишҷӯёни курси аввал
Дар заминаи ҳамкории кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» санаи 8-уми апрели соли равон бо донишҷӯёни курси аввали факултет вохӯрии судманд баргузор гардид.
Вохӯриро декани факултет Даврон Ҳоҷазода оғоз бахшида, дар мавзуи «Экстремизм ва терроризм - амалҳои хатарафзои ҷомеа ва омилҳои бавуҷудоию роҳҳои пешгирии он» фикрҳои ҷолиб баён намуда, арз дошт, ки масъалаи пешгирии терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир, махсусан дар давлатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ ва ғайра яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Ҳамагонро зарур аст, ки баҳри андешидани чораҳои мушаххас дар мавриди хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ва масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ У.Сабуров бошад, дар бораи роҳҳои бавуҷудоии экстремизм ва терроризм маълумот дода, ҳамзамон, дар баробари омилҳои сар задани ҳодисаи мазкур мавриди пешгирӣ аз чунин амалҳои ташвишовар ба донишҷӯён тавсияҳои хуб пешниҳод намуд. Ӯ қайд намуд, ки дар шароити ноустувори ҷаҳони муосир ҷавононро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷиву оромӣ ва истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ С.Ҳабибов бо назардошти шароитҳои мавҷуда ба донишҷӯён тавсияҳои зарурӣ дода, даъват ба амал овард, ки ҷаҳонбинии илмии хешро тақвият бахшанд, то ки ба гумроҳиву нодонӣ намонанд.
Дар музокира донишҷӯён Исмоили Илҳом, Толиб Ҳусейнов, Абдулҳамид Холназаров ва Шаҳриёр Азизов суханронӣ намуданд. Вохӯриро саволҳои зиёди донишҷӯён ва ҷавобҳои мушаххаси устодон ҷолибтар намуд.
Гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд бо донишҷӯён яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти устодони кафедраи гуманитарӣ ба ҳисоб рафта, бо ин васила метавон дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуд.
Тағоймурод Эшзода