Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории машваратҳои илмӣ

Баргузории машваратҳои илмӣ

Санаи 11-уми апрели соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Ш.Ҷонмамадов доир ба навиштани мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳо илмӣ ба унвонҷӯён ва докторантони PhD маълумоти пурра ва дақиқ дода, машварати илмӣ гузаронид. 
Бино ба иттилои сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева ҳадаф аз баргузории машваратҳои илмӣ ба аспирантон, унвонҷӯён ва докторантони PhD аз ҷониби профессорону дотсентони кафедраҳои ДДМИТ ин васеъ намудани робитаҳои илмӣ, пайвасти илм бо амал, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҳалли масъалаҳои таҷрибавӣ ҷалб намудани аспирантон ва унвонҷӯён, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон бо роҳи аз худ намудани дастовардҳои илмию техникӣ ба ҳисоб мераванд. 
Минбаъд аз ҷониби профессорону дотсентони кафедраҳои ДДМИТ чунин машваратҳои илмӣ пайваста гузаронида мешаванд. 

Тағоймурод Эшзода