Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақсади мо тарбияи дурусти донишҷӯ аст

Мақсади мо тарбияи дурусти донишҷӯ аст

Бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 11-уми апрели соли равон ҷамъомади кураторони факултети иқтисод ва бизнес баргузор гардид, ки дар он Бунавшамоҳ Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, Мавҷуда Давлатова, раиси шурои кураторони донишгоҳ ва кураторони факултет иштирок намуданд. 
Б. Қодирова дар баромади худ қайд намуд, ки мақсади мо тарбияи дурусти донишҷӯён ва ба роҳи рост ҳидоят намудани он аст. 
- Бинобар ин, дар шароити феълӣ кураторонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд. Бар замми ин, эдвайзерони факултетҳо низ муваззафанд, ки бо донишҷӯёни суст бештар дар робита қарор дошта бошанд ва онҳоро ба омӯхтани илму ҳунарҳои замонавӣ водор намоянд, то ки донишҷӯён мақсаду мароми омӯзишу иштироки худро ба тадрис дарк кунанд. Ҳамчунин, бо волидайни донишҷӯён робитаро тақвият бахшанд, бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ гузаронанд ва дарсҳои сиёсиро ба роҳ монанд, то ба ин васила тавонанд дар мутахассиси хуб шудани донишҷӯён тамоми донишу малака ва неруи худро сарф намоянд,- гуфт Қодирова Б. 
Дар анҷоми ҷамъомад аз кормандони масъули факултет даъват ба амал оварда шуд, ки корро дар самти тарбия ҷоннок карда, сифати дарсҳои тарбиявиро назаррас намоянд ва фаъолияти кураторонро ҳамеша таҳти назорат қарор диҳанд. 
Баргузории чунин чорабиниҳои муҳимми кураторони факултетҳои донишгоҳ бо донишҷӯён баҳри баланд бардоштани савияи дониши сиёсии онҳо мусоидат намуда, масъулияти эшонро дар омӯхтану аз бар намудани донишҳои замонавӣ боло мебардорад. 


Тағоймурод Эшзода