Хабарҳо
Ҳамоиш бахшида ба ҳифзи пиряхҳо
Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки дар асоси пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон гардидани 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ ҳаматарафа дастгирӣ ёфтанд.
Дар ҳамбастагӣ ба ин, санаи 11-уми апрели соли равон дар факултети иқтисод ва бизнеси донишгоҳ дарси кушоди сиёсӣ-тарбиявӣ ва экологӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо» баргузор гардид, ки дар он устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров, устодони кафедраи табиатшиносӣ О. Улуғов, Р. Қузиева ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
С.Сафаров дар масъалаи дипломатияи обу пиряхҳо маъруза намуда, пешниҳоди ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 77-умин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид перомуни «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 боз як иқдоми саривақтии ҷониби Тоҷикистон номид, ки ахиран, 14 декабри соли 2022 бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
- Хушбахтона, ин иқдом шаҳодат аз сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат вобаста ба масоили ҷойдоштаи ҷаҳонӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарак медиҳанд, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо, балки ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, роҳандозӣ гардидани ислоҳоти дурусти муҳофизати пиряхҳо нақши муҳиму созанда ва бунёдӣ доранд. Зеро дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд,- гуфт баромадкунанда.
Баъдан, Одилҷон Улуғов сухан намуда, қайд кард, ки тамоми пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Сарвари давлат бо ба назаргирии вазъи минтақа, имкониятҳо ва захираҳои табиии кишвар роҳандозӣ гардидаанд.
Гуфта шуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст. Дар охир суолу ҷавоб сурат гирифт.
Бахтовар Давлатов, муовини декан оид ба корҳои тарбия