Хабарҳо
Фаъолияти сарпарастонро ҷоннок намоем
Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ бо ибтикори садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ санаи 11-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи васеи шурои олимони факултет бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Бунавшамоҳ Қодирова, декани факултет ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро декани факултет Д. Хоҷазода оғоз бахшида, қайд намуд, ки сарпарасти гурӯҳи академӣ будан, аз як ҷониб, боиси ифтихор бошад, аз ҷониби дигар, аз устод масъулияти баландро талаб менамояд. Аз ин рӯ, фаъолияти сарпарастӣ дар қисмати дуюми сарбории устод дарҷ гардида, иҷрои он ҳамасола аз ҷониби масъулин назорат карда мешавад.
Сипас Б. Қодирова суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сарпарастони гурӯҳҳои академӣ дар донишгоҳ фаъолияти пурсамар доранд ва нақши боризро дар баландбардории ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, аз бар намудани донишҳои муосир ва ташаккули донишҷӯён ҳамчун мутахассиси оянда мебозанд. Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо дар ин самт, як қатор муаммоҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, набудани иртиботи мунтазами сарпарастон бо волидайни донишҷӯён, дар сатҳи зарурӣ баргузор нагардидани маҳфилҳои тарбиявӣ-маърифатӣ, дарсшикании кураторон монеаҳоеянд, ки бартараф намудани он аз ҳар яки мо масъулиятшиносиро тақозо менамояд.
Дар қисмати музокиравии ҷаласа мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Ҷ.Бобоев баромад намуда, андешаҳои ҷолибро оид ба такмили фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ иброз намуд.
Дар идомаи ҷаласа оид ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардида, сарпарастон вазифадор гардиданд, ки барои бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд ва фаъолияти худро равнақ бахшанд.
Тағоймурод Эшзода