Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ

Баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ

Дар заминаи ҳамкорӣ, кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо факултети молия ва қарзи ДДМИТ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» санаи 12-уми апрели соли равон чорабинии сиёсӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ С. Сафаров ва У. Сабуров, инчунин кормандони раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ, кураторон ва гурӯҳҳои академии факултети молия иштирок доштанд. 
Сараввал вобаста ба масъалаи баррасишаванда декани факултети молия ва қарз А. Нурализода аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯза ёдовар гашта, бо далелҳо ҳаракатҳои экстремистиву террористиро сахт маҳкум кард. Ҳамзамон, аз донишҷӯён ҳушёру зирак будан ва шомил нагаштан ба ин гуна ҳаракатҳои ихтилофангезро талаб намуд. 
С. Сафаров ҳамчун мутахассис вобаста ба масъалаи сиёсати кунунии Роҳбари давлат сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои бо чунин амалҳои хатарафзои ҷаҳони муосир ва ё фирефтаи ақидаҳои ихтилофангези онҳо гирифтор нашудан бояд доимо мутаҳҳид бошем. Баъдан дар бораи ҳизбу ташкилотҳои мамнуъгашта маълумоти зарурӣ дода шуд. 
Дар ҷараёни суханронӣ бештар аз амалҳои ғайриисломӣ ва бемаърифатонаи «Толибон» ёдовар шуда, рафторҳои онҳоро зери тозиёнаи танқид қарор дод. Бобати эътироф нагаштан ҳамчун ҳукумат ва ҳамкорӣ накардан бо онҳо аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯёну ҳозирин мисолҳои равшан овард. Дар интиҳои суханронӣ роҳу усулҳои пешгирикунанда ва шомил нагаштани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва амалҳои экстремистиву террористиро номбар кард. 
Дар охир бо пешниҳоди саволҳо аз ҷониби иштирокчиён ва ҷавобҳои мушаххаси устод анҷом ёфт. 


Убайдулло Сабуров, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ