Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фотеҳи қуллаи каломи мавзун

Фотеҳи қуллаи каломи мавзун

Имрӯз, 13 апрел дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба эҷодиёти узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири ширинкаломи миллат, устоди кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷумъа Махшул «Шаби назм» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвози ВМКБ, ёру дӯстон ва аҳли оилаи соҳибҷашн иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Нахуст, ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин даргоҳ хушомадед гуфт. Мавсуф дар суханронии хеш иброз дошт, ки устод Ҷумъа Махшул аз соли 2015 инҷониб дар кафедраи забони русии ин муассисаи таълимӣ кору фаъолият намуда, раиси маҳфили илмӣ-адабии умумидонишгоҳии «Сайри сухан» буда, дар баробари кори душвори омӯзгорӣ ба шеъру шоирӣ ва омодасозии шогирдон ба маҳфилҳои адабӣ машғул аст. 
Кордониву ҷаҳонбинӣ, инсондӯстиву хоксорӣ барин хислатҳои баланди одамӣ дар як давраи начандон тӯлонӣ устод Ҷумъа Махшулро дар ДДМИТ ба як шахсияти бузурги фарҳангиву маърифатӣ ва устоди донишманди ҳалиму меҳрубон оварда расонид. 
Имрӯзҳо шогирдони ин шоири ширинкалом дар олимпиадаву озмунҳо ва маҳфилҳои гуногуни донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доранд ва аз чанд шогирди намунавии устод ном бурд. 
Ба устод барои фаъолияти пурсамар дар омодакунии кадрҳо ва ташкили базми эҷодӣ Ифтихорномаи донишгоҳ тақдим гардид. 
Сипас, дар ҷараёни маҳфил туҳфаву табрикоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвози ВМКБ ба шоир тақдим гардид. 
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа ва шоир Хайрандеш бо каломи мавзун табъи ҳозиринро шод намуданд. Дар бораи осори назмии Ҷумъа Махшул истода гузашта, ба он баҳои баланд доранд. 
Гуфта шуд, ки ашъори ин шоири ширинкалом барои тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон ва бедор намудани ҳисси миллӣ таконбахш аст. 
Шеърҳои аз ҷониби шогирдони устод қироатгардида ба маҳфил ҳусни дигар зам намуданд. Дар идома шогирди устод Ҳумайни Носиров, донишҷӯи курси 4, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ба сухан баромада, дар бораи хизматҳои арзандаи устод андешаҳои холисона ва самимии хешро иброз дошта, барои тарбияи шогирдон ва ба роҳи адабиёт раҳнамун сохтанашон изҳори сипос намуд. 
Устод Ҷумъа Махшул дар шеърҳояш зан-модари тоҷикро мадҳу ситоиш менамояд ва достоне низ дорад бо номи «Тобу тавони модар», ки ҳама ҳашамату бузургии модарро дар он васф кардааст. 
Қаҳрамонони китоби мазкур камонвари номӣ, Чемпиони ҷаҳон Зебунисо Рустамова ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайринисо Ватанова ба сухан баромада, аз шоир барои эшонро чун қаҳрамон интихоб карданашон миннатдорӣ изҳор намуданд. 
Дар охир устодони донишгоҳ: муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Баҳром Сафаров, профессорон Шариф Раҳимзода, Озод Саидҷаъфаров ва Наргис Аслонова андешаҳояшонро дар бораи ин омӯзгори варзида ва олими шинохта бо самимияти хосса изҳор намуданд. 
Гуфта шуд, ки аҳли илму адаби кишварамон Ҷумъа Махшулро ҳамчун олими нуктасанҷ, шоири тавоно ва устоди варзида хуб мешиносанд. Ҷ. Махшул дар ҳар куҷое фаъолият намудааст, ба зинаҳои баланди илму адаб расида, худро ҳамчун устоди забардаст, олими нуктасанҷ ва шоири ширинсухану андешапарвар нишон дода, сазовори эътирофу эҳтироми умум гардидааст. 
Дар охир устод Ҷумъа Махшул аз шеърҳои тозаэҷодаш намунаҳо қироат намуд ва ҳамзамон, наберагони устод низ шеърҳо қироат намуда, ба маҳфил сафои тоза ворид намуданд. 
Бояд гуфт, ки маҳфили шеъру сухан басо хотирмон ва диданӣ сурат гирифт ва дар таърихи донишгоҳ назир надорад. 


Машҳура Абдуллоева 

Наврӯз Ҷобиров