Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯ бояд хештаншиносу ватандӯст бошад

Донишҷӯ бояд хештаншиносу ватандӯст бошад

Бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ санаи 13-уми апрели соли равон директори маркази «Хирад» адабиётшинос, номзади илми филологӣ, Абдуҷалили Амон дар мавзуи «Худшиноси миллӣ» бо донишҷӯён дарси кушоди тарбиявӣ баргузор намуд. 
Сароғоз декани факултет Қ.Муқимов қайд намуд, ки таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. 
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. 
Абдуҷалили Амон дар баромади худ гуфт, ки ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолу озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем. 
Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонону донишҷӯён ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад. 
Ҳамчунин, Абдуҷалили Амон оид ба фаъолияти маркази «Хирад» ба донишҷӯён маълумот дода, хостори мутолиаи китобҳои дар шакли электронӣ дар сайти ин марказ ройгон гузоштаро намуд ва аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки онҳо бештар дар вақтҳои холигӣ бо мутолиаи китобҳо машғул гардида, маънавиёти худро бой гардонанд. 


Тағоймурод Эшзода