Хабарҳо
Тарбия кори ҳамагонист!
Санаи 13-уми апрел дар толори таълимии факултети молия ва қарзи донишгоҳ ҷаласаи кураторон баргузор гардид. Дар он сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, эдвайзерон, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба тарбия Б. Қодирова иброз дошт, ки тарбия ва роҳнамоии ҷавонон танҳо вазифаи устод ё куратор нест, балки он вазифаи аҳли ҷомеа аст. Ҳамагонро зарур аст, ки дар ин самт бетараф набошанд. Донишҷӯён бояд тарзе хонанду рафтор кунанд, ки обрӯи донишгоҳро баланд бардорад.
Мавсуф дар идома гуфт, ки кураторону эдвайзеронро мебояд ҷиҳати сари вақт пур кардани журналҳо, сабабҳои ба дарсҳо ҳозир нашудани баъзе донишҷӯён, интизому давомнокӣ ва тартибот ҳаматарафа талош намоянд. Инчунин, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳои махсус дод.
Инчунин, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва имтизоми меҳнат ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Баргузор намудани як чунин чорабиниҳо ба мустаҳкам намудани интизоми ҷавонон, дастгирии ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва тақвияти масъулиятдории онҳо замина муҳайё намоянд.
Тағоймурод Эшзода