Хабарҳо
Душанбе - пайвандгари дилҳо
Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши донишҷӯён баргузор гардид. Дар он сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим А. Муллоҷонов ва сардори раёсати тарбияи донишгоҳ А. Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Декани факултет Давронҷон Хоҷазода ҳамоишро оғоз бахшида, таъкид намуд, ки имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шафқат ва ҷойгоҳи тоҷикони бузург аст. Душанбе шаҳрест, ки сар то сар ободу зебост ва зиндагӣ дар оғӯши ин шаҳри дилоро ҳамеша шараф аст.
А. Муллоҷонов дар бораи таърихи таъсисёбии давлатдории гузаштаи тоҷикон Каёниён, Сомониён, Ҳахоманишҳо, Аббосиҳо ва пойтахтҳо сухан ронда, саҳми фарзандони фарзонаи сарзамин Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро дар бунёду мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки пойтахти тоҷикон - шаҳри Душанбе дар қалби тоҷикону тоҷикистониён монанди нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шуълапошӣ мекунад. Пиру барнои ин сарзамини ҳамешабаҳор мисли парвона гирди шабчароғи ягонаи ин шаҳри дилоро даргардишанд. Пойтахтро дарвозаи шаҳр мегӯянд. Аз ин рӯ, дарҳои меҳмонхонаҳои бузурги Душанбе ҳамчун кошонаи умеду армон ҳамеша ба сӯйи меҳмонону сайёҳон боз аст.
Абдулло Давлатзода бошад, дар бораи мақому манзалати пойтахти тоҷикон баъди соҳибистиқлолӣ изҳори андеша намуда, гуфт, ки дар ин солҳо пойтахт симои худро дигаргун кард ва ба шаҳри азиму диданӣ табдил ёфт. Ҳоло қомат афрохтани биноҳои баландошёна, бунёди марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, бунёди марказҳои фароғатӣ ба ҳусни шаҳр боз ҳусн зам менамоянд. Бахусус, дар фасли баҳор тамошо намудани гулҳои ин шаҳр ба кас илҳому таровиш мебахшад, зеро шаҳр ба гулзор табдил ёфтааст. Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ, амнтарин пойтахти давлат дар ҷаҳон дониста шуда, ҷойи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ гардидааст, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист.
Барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардидани се нафар донишҷӯёни ДДМИТ фоли нек аст ва аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки пойтахти худро дӯст доранд ва дар ободу зебо шудани он саҳми худро гузоранд. Ҳамоиш барои иштирокчиён муфид ва басо хотирмону ҷолиб хотима ёфт.
Тағоймурод Эшзода