Хабарҳо
Ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат
Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” санаи 15-уми апрели соли равон дар кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор бо иштироки устодон ва донишҷӯён ҳамоиш баргузор гардид.
Маърузачӣ дотсенти кафедраи аудит ва ревизия А. Ҳомидов дар баромади худ гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар даҳсолаҳои охир чандин таклифу пешниҳодҳои Роҳбари давлат оид ба ҳифзи захираҳои об дар миқёси ҷаҳон, ки аз минбарҳои баланди ҷаласаҳои байналмилалӣ садо дода буданд, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Аз ҷумла, пешниҳоди Сарвари давлат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои муттаҳид намудани саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ шароити фароҳам сохта истодааст.
Дар ҳақиқат, об барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро ду соҳаи асосии иқтисодиёти кишвар - кишоварзӣ ва гидроэнергетика дар заминаи истифодаи ин воситаи асосии истеҳсолоти ин соҳаҳо нашъунамо ёфта истодаанд.
Дар музокира донишҷӯён ва устодон баромад намуда, оид ба роҳҳои захираҳои замину об андешаронӣ намуданд.
Тағоймурод Эшзода