Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия намоем

Донишҷӯро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия намоем

Бо ҳузури муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Бунафшамоҳ Қодирова санаи 18-уми апрели соли равон дар толори таълимии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо иштироки кураторон ҷаласа доир гардид, ки дар он садорати факултет, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, раиси шурои кураторони донишгоҳ, мудирони кафедраҳо ва кураторону эдвайзерони факултет иштирок намуданд. 
Б. Қодирова ҳангоми суханронии худ дар бораи фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ ва дарсҳои тарбиявӣ изҳори андеша намуда, қайд кард, ки бояд дарсҳои тарбиявии кураторон дар сатҳи баланд доир гарданд ва он барои донишҷӯ дарси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ бошад. Бинобар ин, сарпарастонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ фаъолиятро пурзӯр ва ҷоннок намоянд ва бо донишҷӯёне, ки ба раванди тадрис аҳаммияти ҷиддӣ намедиҳанд, корҳои иловагӣ бурда, давомоти онҳоро таҳти назорати қатъӣ гиранд. 
Сипас А. Муллоҷонов ва М. Давлатова дар бораи аз болои худ кор кардану бо волидайни донишҷӯ робитаро тақвият бахшидан ва бо донишҷӯён суҳбатҳои инфиродӣ гузаронидану дарсҳои сиёсиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондан фикру ақидаҳои ҷолиб баён намуданд. 
Дар охир Б. Қодирова сарпарастони гурӯҳҳоро муваззаф намуд, ки фаъолиятро дар самти тарбия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ба ин васила дар мутахассиси ҷавобгӯйи давру замон шудани донишҷӯ тамоми донишу малака ва неруи худро сарф намоянд. 


Шарифхон Гурезов, эдвайзер оид ба тарбия