Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дафтари ту тоҷиконро хомаи нанг шуд!

Дафтари ту тоҷиконро хомаи нанг шуд!

Таҳти ҳамин унвон санаи 18-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯён бахшида ба гиромидошти хотираи сардафтари адабиёти навини тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. 
Ҷамъомадро сардори раёсати тарбияи донишгоҳ А. Давлатзода ҳусни оғоз бахшида, мавқеъ ва нақши «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айниро дар худогоҳ ва худшиносии миллати тоҷик махсус қайд намуда, иброз дошт: 
- Чоп шудани ин китоб дар соли 1926 дар шаҳри Москва зарбае буд бар зидди пантуркизм, ки дар он замон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҷойгоҳи муҳим доштанд. 
Ӯ ҳамчунин аз осори шоирон Муҳаммад Ғоиб ва Бозор Собир намунаҳои шеъриашонро, ки дар бораи нотарсӣ ва ҷасорати С. Айнӣ гуфта шуда буданд, қироат намуд. 
Баъдан, профессори кафедраи забони тоҷикӣ О. Саидҷаъфаров ба сухан баромада, саҳми С. Айнӣ ва Б. Ғафуровро дар зинда гардонидани таъриху фарҳанги аҷдодони мо қайд намуд ва илова кард: 
- Устод Садриддин Айнӣ дар баробари забону адабиёт ба масъалаҳои таърихӣ низ рӯ оварда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ду очерки таърихӣ – тадқиқотии «Исёни Муқаннаъ» ва «Темурмалик»-ро таълиф намудааст. Ин асарҳои устод дар он замон агар, аз як тараф, барои бар зидди истилогарони фашизм бархезонидани мардум нақши калидӣ бозида бошанд, аз ҷониби дигар, тараннуми чеҳраи таърихии аҷдодиро зинда намудаанд. Китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» бошад, дар бораи вазъи ҳамон давра маълумотҳои ҷолиб медиҳад. Осори С. Айнӣ барои муаррифӣ ва мақому мартабаи фарҳангу забони миллати тоҷик барои оламиён як мактаби бузурги таърихнигорӣ буда, он асрҳои аср зиндаву ҷовид хоҳад монд, изҳор дошт профессор. 
Донишҷӯён аз баргузории чунин як чорабинии муҳим изҳори қаноатмандӣ карда, ваъда доданд, ки тамоми осори устоди зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро мехонанд ва онро дар зиндагии рӯзмарра баҳри камолоти маънавиашон истифода мебаранд. 


Тағоймурод Эшзода