Хабарҳо
Ҳувият миллатро сарҷамъ мекунад
Санаи 19-уми апрели соли равон бо ибтикори якҷояи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, садорати факултети молия ва қарз ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» дар донишгоҳ ҳамоиши сатҳи баланд зери унвони «Нақши занони сиёсатмадор дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон» доир гардид, ки дар он Хидирзода Махфират, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарнигор Раҷабзода, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Баҳодур Ҷурахонзода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим ҷиҳати баргузории чунин ҳамоиш меҳмононро шодбош гуфта, қайд кард, ки натиҷаи амалинамоии ин сиёсат кашфи садҳо занону бонувони бовиқору боҷуръат дар раванди давлатдории миллии муосири мо мебошад, ки Махрифат Хидирзода мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо ва яке аз бонувони фаъолу дастпарвари ин мактаб ба шумор меравад. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати баробарҳуқуқию майлони татбиқи ин сиёсат дар Тоҷикистон назир надорад ва месазад онро дар доираи барномаҳои илмӣ мавриди омӯзишу пажуҳиш ва хулосабарорӣ қарор дода, бо бардошт аз моҳияти созандаи ин сиёсат дастурномаҳои муфассали ҳимоясозии ҳуқуқҳои занонро барои кишварҳое, ки имрӯз афкори дидану шинохтани занонро дар радифи мардҳо зимни идораи сиёсати давлати худ надоранд, омода ва пешкаш намоем, то аҳли ҷаҳон донанд, ки занону модарони мо чӣ қудратеву матонате доранд.
Махфират Хидирзода зимни суханронияш чунин иброз дошт:
- Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо занон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар аз худ масъулият ва фаъолияти бештар нишон дода, дар эъмори ҷомеаи навин баробари мардон заҳмат мекашанд. Ин аст, ки сафи бонувони соҳибкор ва роҳбар дар кишвар зиёд гардидааст. Воқеан ҳам, истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқ гузошт. Занону бонувон ҳамчун фарзандони ин сарзамини аҷдодӣ ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ, вазифаи роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ӯ, ҳамчунин, дар бораи дарки ҳувияти миллӣ, ҳисси худшиносӣ, муқаддасоти Ватан-Модар, роҳҳои пешгирӣ намудани буҳрони ҳувият андешаҳои ҷолиб намуда, чунин хулоса кард, ки танҳо ҳувият миллатро сарҷамъ мекунад ва аз донишҷӯён аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткорона истифода бурдан ва фирефтаи таблиғу тарғиби дигарон нашуданро хостор шуд.
Баъдан, Зарнигор Раҷабзода ба сухан баромада, перомуни масъалаи мавриди назар андешаронӣ кард ва аз фаъолияти маҳфили «Ватанпарвар» ҷиҳати баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин баробар, ба Дилрабо Неъматова, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз, ки ин маҳфилро сарварӣ менамояд, баҳои баланд дод. Бар илова, қайд кард, ки паҳлуҳои фаъолияти маҳфили мазкур маҳдуд набуда, он дар худ гуногунсамтиҳо дорад ва ҳамин афзалият воситаи замонавикунонии маҳфил гардида, рӯз аз рӯз аъзоёни онро бисёртар месозад.
Дар қисмати музокиравии ҳамоиш Бунафшамоҳ Қодирова, Ҷовидон Халифазода, Дилрабо Неъматова ва дигарон баромад намуда, дар бораи ҳувияти миллӣ фикру ақидаҳои ҷолиб баён намуданд.
Бояд қайд кард, ки тамаддуни башарӣ аз домани занон маншаъ мегирад ва инро бояд насли башар донаду эҳтиром созад.
Тағоймурод Эшзода