Хабарҳо
Таҳкими робита бо волидайни донишҷӯ
Тибқи нақшаи кории Шурои кураторони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ санаи 19-уми апрели соли равон бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Б. Қодирова, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода, раиси шурои кураторон М. Давлатова ва эдвайзерону кураторони гурӯҳҳои академии факултет ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултети МИБ М. Муқимов оид ба гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, давомоти донишҷӯён, сару либоси тавсиявӣ, бо ҷувздон ва дигар лавозимоти дарсӣ ба донишгоҳ омадани донишҷӯ, гузаронидани ҷаласаҳо бо иштироки волидайни онҳо суханронӣ намуд. Ба кураторони гурӯҳҳои академӣ таъкид карданд, ки ҳамарӯза давомоти донишҷӯёнро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, пайваста бо волидайни донишҷӯён дар тамос бошанд ва якҷоя ин мушкилотро бартараф намоянд.
Б. Қодирова дар баромади худ қайд намуд, ки кураторони гурӯҳҳои академӣ дастҷамъона бо садорати факултет нисбати тарбияи донишҷӯён ва баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстии онҳо корбарӣ намоянд. Ба кураторони гурӯҳҳои академии факултет таъкид намуд, ки ҳамарӯза бо донишҷӯён дар робита бошанд ва рафти таълиму тарбия ва давомоти онҳоро назорат карда, дар тарбияи онҳо бетарафӣ зоҳир накунанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба кураторони гурӯҳҳои академӣ оид ба гузаронидани ҷаласаҳо бо иштироки волидайн аз рӯйи нақша таъкид карда шуд. Қайд намуданд, ки минбаъд низ робитаро бо волидайни донишҷӯ хуб ба роҳ монанд.
Тағоймурод Эшзода