Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории даври донишгоҳии «Илм - фурӯғи маърифат»

Баргузории даври донишгоҳии «Илм - фурӯғи маърифат»

Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад. 
Дар ДДМИТ бошад, аз санаи 3-уми апрел то 8-уми апрели соли равон даври аввали озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт номинатсия баргузор гардида, ба даври дуюми донишгоҳии озмун 83 нафар донишҷӯён роҳ ёфтанд. 
Даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» санаи 19-уми апрели соли равон доир гардид. Дар он роҳбарияти донишгоҳ низ кори доварону иштирокчиёнро назорат намуданд. 
Муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров иброз дошт, ки ин озмун соли дуюм аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад. Дар он хонандагон, донишҷӯён ва ихтироъкорон сатҳи донишу маҳорати худро вобаста ба ин соҳаҳо дар шакли ҳалли саволу масъалаҳо, ба таври шифоҳӣ шарҳ додан ва гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ, коркардҳои навоварона ва ихтироот намоиш медиҳанд. 
Рӯзҳои наздик аз тарафи ҳакамон аз рӯйи ҳафт номинатсия ғолибон муайян карда шуда, ба даври ноҳиявӣ, ки дар нимаи аввали моҳи май баргузор мегардад, пешниҳод карда мешаванд. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия