Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хизмат ба Ватан дарси мардонагист!

Хизмат ба Ватан дарси мардонагист!

Ҳимояи марзу буми Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби бузурги ҷасорат ва мардонагист. Бинобар ин, имрӯзҳо низ сафи ҷавонон - донишҷӯёне, ки баъди хатми донишгоҳ ихтиёран хизмат карданро ба Ватан-Модар мактаби ҷасорату мардонагии худ медонанд, зиёд шуда истодааст. 
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ барои ҷалби хатмкунандагони донишгоҳ ба хизмати аскарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ пайваста гузаронида мешаванд. Ин аст, ки санаи 22-юми апрели соли равон ҳудуди 70 нафар донишҷӯи курси чорум, аз шаш факултети донишгоҳ баъди бомуввафақият супоридани имтиҳони давлатӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ихтиёран сафарбар карда шуданд. 
Баъди супоридани имтиҳони давлатӣ Б. Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим дар ҳузури устодон аз ибтикороти хатмкунандагон дастгирӣ намуда, онҳоро барои хизмати ҷавонмардона ва софдилона дар ҳифзи Ватан даъват кард. Ӯ, дар баробари ин, афзуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва мардии ҳар як ҷавонмард аст ва онро ҳар соҳибватан бо сари баланд ва мардонавор бояд иҷро намояд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд. Ҷурахонзода Б. ҳамчунин қайд намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмарди ватандор қарз аст. 
Ба ин муносибат бо ҳузури волидайни даъватшудагон дар саҳни донишгоҳ маросими гусели даъватшавандагон баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино ва коммисариати ҳарбии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд ва аз тарафи эшон ба донишҷӯёни сафарбаршуда ҳуҷҷатҳои ронандагӣ супорида шуд. 
Мо низ ин диловарони майдони нангро бо ин азми қавиашон табрику муборакбод намуда, дар азму маром ва хизмати ояндаашон дар ҷодаи нигаҳдории амнияти кишвар ба онҳо муваффақияту сарбаландиҳоро хоҳонем. 
Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо садоқати ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан афзун мегардонад. 


Тағоймурод Эшзода