Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни ДДМИТ соҳиби стипендия ва ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе гардиданд!

Донишҷӯёни ДДМИТ соҳиби стипендия ва ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе гардиданд!

Санаи 15-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи пойтахт дар толори фарҳангии “Кохи суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир гардид. Дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, Дилбар Одилзода ва роҳбарони аксар вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. 
Хушбахтона, дар маросими ҷоизасупорӣ се нафар донишҷӯёни ДДМИТ, ки дар озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ширкат намуда буданд, ҷоизаро ба даст оварданд. 
Бояд қайд кард, ки зимни баргузории ин озмун аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 582 нафар донишҷӯ барои 30 стипендия бо малакаю маҳорати илмии хеш бо ҳам сабқат намуданд. Аз ин шумора, ки соли аввал аст барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ гардидааст, 3 нафари онро донишҷӯёни ДДМИТ - Ширинзода Ҳусейни Қурбоналӣ, донишҷӯйи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Насимзода Толиб Наътуло, донишҷӯйи курси 4-уми факултети иқтисод ва бизнес ва Насруллозода Муҳаммадиқбол, донишҷӯйи курси 3-юми факултети молия ва қарз соҳиб гардиданд. 
Инчунин, аз ҳисоби 10 ҷоиза, ки барои олимону муҳаққиқон ва ҷавонони донишманду соҳибмаърифати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст, яке аз онҳоро донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Ширинзода Ҳусейни Қурбоналӣ сазовор гардид. 
Бояд ёдовар шуд, ки Ҳусейни Қурбоналӣ ҷавони фаъолу саодатманди донишгоҳ буда, пайваста дар як қатор озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун номбардори таълимгоҳ гаштааст ва ӯ тавонист бо дониш ва дарки баланди азхудкунии илмӣ ин соҳиби комёбиҳои навбатӣ шавад. 
Мо ин дастовардҳои сатҳи баланди илмиро ба донишҷӯён ва кулли омӯзгорони ДДМИТ таҳният гуфта, ба ғолибон муваффақиятҳои нав ба нави илмиро хоҳонем. 


Тағоймурод Эшзода