Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози ҳафтаи илм дар ДДМИТ

Оғози ҳафтаи илм дар ДДМИТ

Рӯзи 24-уми апрели соли равон дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаккули механизми молиявӣ ва иқтисодии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) оғоз гардид. 
Онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори таълимгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода кушода, қайд намуд, ки ҳамасола дар мамлакатамон ҳафтаи дуюми моҳи апрел пурра ба илм бахшида мешавад ва ин анъанаи нек аз илмпарварии халқи тоҷик маншаъ мегирад. 
Дар конференсияи имсола низ натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор мегирад ва он ба мавзуъҳои мубрам бахшида шудааст. Ҳадаф аз баргузории конференсияҳои апрелӣ ин ҷамъоварии пешниҳодҳои илман асосноки ҳар як муҳаққиқ дар асоси корҳои тадқиқотӣ барои вазорату муассисаҳои дахлдор мебошад. Бинобар ин, аз олимону муҳаққиқон даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақолаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси илмӣ дар конфронс баромад кунанд. 
- Сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба илм ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. 
Мавсуф барои бо илм пайваст намудани истеҳсолот ва аз натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ истифода бурдан гуфта гузашта, таъкид кард, ки аксарияти маърузаҳои ба конфреренсия пешниҳодгардида ба мавзуъҳои самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд ва боварӣ ҳаст, ки аз натиҷаи ин тадқиқот ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳодҳои асосноки илмии мушаххас карда мешавад, гуфт ректор. 
Сипас намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабӣ Рабиев баромад карда, ба кори конференсия барор хост ва, дар ин баробар, баъзе аз нишондиҳандаҳои иқтисодиро дар соли 2022 ёдрас шуд, ки барои муҳаққиқон лозим мешаванд. Дар идома профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳамидуллохон Фақеров дар мавзуи «Роҳҳои такмили таҳсилоти олии иқтисодӣ тавассути татбиқи хизматрасониҳо ва технологияҳои муосири таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард. Маъруза бештар масъалаҳои такмили сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар бар мегирифт. 
Профессор, аз ҷумла таъкид кард, ки масъалаи такмили сифати таҳсилот раванди доимист ва онро мунтазам бояд боло бурд. Пешрафти илмию техникӣ низ боло бурдани сифати таҳсилотро тақозо менамояд, яъне ҳамаи ин ба ҳам алоқаманданд. Профессор дар идома аз баъзе методҳои муосири таълим ёдрас шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷи кишвар истифода бурда мешаванд ва натиҷаҳои хуб низ додаанд, ба мисли методи интерактивӣ, видеомашғулиятҳо, бозиҳои корӣ, бозиҳои иммитатсионӣ. Мавсуф бо овардани мисолҳои мушаххас исбот намуд, ки истифодаи ин усулҳои таълим ба ҳиссиёти донишҷӯ таъсир расонида, ӯро ҳавасманд мегардонанд. 
Барои ҷорӣ намудани ин усулҳои таълим маърузачӣ амалӣ намудани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад донист, ба мисли хизматрасонии сатҳи баланд, таъминот бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ташкили курсҳои маҳорати педагогӣ, коркарди маводи таълимии ба талабот ҷавобгӯ ва ба монанди инҳо, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии онҳо барои омодасозии кадрҳои балансифат замина хоҳад гузошт. 
Сипас Иномҷон Аминов, д.и.и., профессори кафедраи менеҷменти донишгоҳ дар мавзуи «Муаммоҳои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард. Профессор аз рӯйи нишондиҳандаҳои микроиқтисодӣ вазъи кунунии соҳаи соҳибкориро дар кишвар муфассал таҳлил кард. Мавсуф мушкилоти соҳаро баён намуда, ба мувофиқа омадани мақомоти андоз ва соҳибкорон, ташкили кооператсияҳои истеҳсолӣ, рушди соҳибкории давлатӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаро аз ҷумлаи онҳо донист. Дар баробари ин, барои рафъи ин мушкилот профессор як қатор таклифҳо пешниҳод кард, аз ҷумла сармоягузории дуруст ба соҳаи соҳибкорӣ, ташкили инфрасохтори мукаммал, ҷорӣ кардани таҷрибаи давлатҳои хориҷа, воридоти рақобаткунанда ва ба монанди инҳо. Ӯ қайд кард, ки рушди соҳибкорӣ барои таъмини мувозинати бозори меҳнат дар кишвар мусоидат хоҳад кард. 
Дар қисмати музокиравии конференсия Б. Сафаров, Ҷ. Бобоев, Ф. Насриддинов баромад карда, қайд намуданд, ки масъалаҳои баррасишаванда актуалӣ буда, маҳз ба самти кори донишгоҳ дахл доранд ва умед ҳаст, ки аз рӯйи натиҷаҳои конфронс ба мақомоти дахлдор барои ҳалли баъзе мушкилот пешниҳодҳои илман асоснок карда мешавад. 
Баъдан, кори конфронс дар 9 бахш - молия, иқтисод ва қарз (57 маъруза), фаъолияти бонкӣ-биржавӣ ва суғурта (37 маъруза), технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ (22 маъруза), иқтисодиёт, менеҷмент ва андоз (31 маъруза), бахши ҳуқуқи иқтисодӣ ва фаъолияти гумрукӣ (28 маъруза), ҳисобдорӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ (22 маъруза), фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва мудофиаи гражданӣ (25 маъруза), фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо (53 маъруза) ва дар бахши докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) (97 маъруза) идома хоҳад кард. 
Бояд қайд кард, ки маърузаҳои баромадкунандагон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, мавзуъҳои мубрами самтҳои алоҳидаи илмиро фарогир буда, дар умум, зиёда аз 344 маърузаро ташкил медиҳад. 
Дар охир мақолаҳои беҳтарин муайян карда мешаванд ва санаи 29-уми апрел ба роҳбарияти донишгоҳ ҳисоботи роҳбарони бахшҳо супорида шуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд. 


Машҳура Абдуллоева