Хабарҳо
Баргузории маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» дар ДДМИТ
Санаи 25-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он ба ҳайси лектор номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим баромад намуд. Дар оғози маҳфил оиди аҳаммияти ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлату ҳукумати Тоҷикистон маълумот дода шуд. Қайд карда шуд, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таълимии бонуфузест, ки дар фазои таълимоти кишвар ва берун аз он ҷойгоҳи хоссаи худро дорост. Донишгоҳ асосан мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, ҳуқуқ, IT – технологияҳоро омода месозад. Соли 2022 барои ДДМИТ соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буд, зеро бинои нави таълимии 5-ошёна бо таҳхонааш бо тарҳи замонавӣ барои зиёда аз 3500 ҷойи нишаст дар як баст ифтитоҳ карда шуд. 20 декабри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин ташрифот барои аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳ ва донишҷӯён як воқеаи фараҳбахш буд ва аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва умуман, шароити хуби зиндагии мардуми кишвар далолат медиҳад. Бинои нави таълимӣ дорои 66 синфхонаи замонавӣ, озмоишгоҳи таълимии гумрукӣ, бонки таълимӣ, озмоишгоҳи таълимии иқтисоди рақамӣ ва шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, 25 утоқи корӣ, 4 толор, 5 утоқи ёрирасон ва 2 лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар донишгоҳ 19 доктори илм, 140 номзади илм, 215 муаллими калону ассистент ва дар умум 373 омӯзгор ба зиёда аз 9 ҳазор донишҷӯ дарс медиҳанд.
Зимни баромади худ Абдуалимзода Ҳ.А. ҳамчунин оиди дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон, вазъи кунунии сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, таҳдидҳо ба амнияти минтақа, аҳаммияти китобхонӣ ва донишазхудукӣ маълумот дод.
Маҳфили мазкур дар фазои озод баргузор гардид. Иштирокчиёни маҳфил ба лектор оиди вазъи иқтисодии кишвар ва роҳҳои ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Ҳамчунин аз ҷониби ректори ДДМИТ муҳтарам Абдуалимзода Ҳ.А. ба аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» саволҳо пешкаш гардиданд ва ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, ба ҳамаи иштирокчиёни маҳфил китобҳои соҳаи молияву иқтисод туҳфа карда шуданд.