Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мужда: Боз як рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуд!

Мужда: Боз як рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуд!

Боиси ифтихор ва хурсандист, ки Шарипов Бобоалӣ, н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи математикаи олии донишгоҳ рӯзи 26 апрели соли равон дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-011-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Интегронидашавандагии пурраи системаи муодилаҳо дар дифференсиали пурра бо коэффитсиентҳои сингулярӣ» рисолаи докториашро аз рӯйи ихтисоси 01.01.02 - муодилаҳои диффенсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ бо муваффақият ҳимоя кард. 
Рисолаи доктории мазкур асосан мазмуни назариявӣ дошта, ҳамаи натиҷаҳои илмии бадастовардашуда нав мебошанд. Мазмуни амалии кор аз он иборат аст, ки онҳо дар инкишофи назарияи умумии системаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии тартибашон аз ду баланд низ ҳисса мегузоранд. Онҳо дар ҳалли масъалаҳои зиёди гидродинамика, газодинамика, механикаи амалӣ, тиб, биология, физика, кимиё, биология, иқтисодиёт, аз он ҷумла рекламаи савдо, фоидаи иқтисодии соҳаи занбӯриасалпарварӣ, экологияи табиати зинда ва дигар равияҳои илмҳои дақиқ татбиқ карда мешаванд. Баҳои илмии кор дар он зоҳир мегардад, ки тасаввурот оид ба ҳалли масъалаҳо, мавҷудияти нуқтаҳои махсус дар масъалаҳои ҳаётӣ ва дигар масъалаҳо шарҳ дода мешаванд. 
Мо бо ин дастоварди ниҳоят бузург устод Шарипов Бобоалиро муборакбод намуда, барояшон сиҳатии комил, офияти рӯзгор ва дар корҳои илмию педагогии минбаъдаашон комёбиҳои беҳтаринро таманно дорем.