Хабарҳо
Ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”
Санаи 27-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому Ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Дар он донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон - дар бахши информатика Ҳ. Носиров сазовори ҷойи аввал, зери роҳбарии И. Сафаров, дар бахши ҳуқуқ Қ. Ҳомидов, зери роҳбарии С. Мирзоев, инчунин, ҳамкурсони онҳо дар бахши сайёҳӣ Ф. Раҳимзода, зери роҳбарии Б. Сафаров ва дар бахши информатика Ҳ. Ширинзода, зери роҳбарии М. Неъматулло ҷойҳои дуюмро соҳиб гардиданд.
Мо ғолибони озмунро бо ин дастовардҳо табрику муборакбод намуда, ба корҳои илмии ояндаашон барор таманно дорем.
Тағоймурод Эшзода