Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Беҳтарин маърузаҳо  муайян шуданд

Беҳтарин маърузаҳо муайян шуданд

Тавре пештар хабар дода будем, дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаккули механизми молиявӣ ва иқтисодии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) оғоз гардида буд. Конференсияи мазкур тӯли як ҳафта аз 24 то 29 апрели соли равон дар 9 бахш давом кард. 
Санаи 1-уми майи соли равон зимни ҷамъбасти конференсия, ки ба он 344 мақола пешниҳод  шуда буд, ҳисоботи раисони бахшҳо шунида шуд. Зикр гардид, ки устодон маърузаҳоеро пешниҳод карданд, ки дорои масъалаҳои мубрами рӯз буда, масоили муҳимми илми муосир ва ҷанбаҳое аз корҳои илмии онҳоро инъикос мекарданд.
Дар фарҷом муовини ректор оид илм ва инноватсия Б.Сафаров  баромад намуда, фаъолияти конференсия ва натиҷаҳои онро мусбат арзёбӣ карда, иштироки устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро дар конференсия хуб арзёбӣ намуд. Номбурда пешниҳод кард, ки минбаъд ҳангоми баргузории конференсияҳои илмӣ шумораи зиёди донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯён ҷалб карда шаванд.
Сипас, сардорони бахшҳо назару хулосаҳои хешро пешниҳод намуда, дар якҷоягӣ маърузаҳои беҳтарин муайян карда шуданд. 
Ҳамин тавр  А.Урунбоев, дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ, М.Исайнова, муаллими калони кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар бахши назарияи иқтисодӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, М.Пирова, муаллими калони кафедраи молия, Г Латипова, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ дар бахши молия, фаъолияти бонкӣ-биржавӣ ва суғурта, М.Аламшоева, мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, Ҳ Саъдиев, ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ дар бахши иқтисодиёт, менеҷмент ва андоз, Ф.Раҳимов, дотсенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, А. Фезалиев, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва логистика дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ,  С.Мирзоев, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ, С.Абдуллоев, муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрук дар бахши ҳуқуқи иқтисодиёт ва фаъолияти гумрукӣ, С.Маъдиев, дотсенти кафедраи омор, П. Бобомуродов, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши ҳисобдорӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ, М. Азимова, дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, А. Кабиров. дотсенти кафедраи математикаи олӣ дар бахши  фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва мудофиаи гражданӣ, Д. Сангинов, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Л. Дрозденко, муаллими калони кафедраи забони русӣ дар бахши  фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо ва дар бахши докторантон аз рӯи ихтисос (РhD), магистрон ва донишҷӯён 10 маъруза беҳтарин дониста шуд ва ба ғолибон ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Ҳадаф аз баргузории конференсияҳои апрелӣ ин ҷамъоварии пешниҳодҳои илман асосноки ҳар як муҳаққиқ дар асоси корҳои тадқиқотӣ барои мақомоти дахлдор ва арзёбии корҳои илмию тадқиқотии пажӯҳишгарон мебошад.  


Тағоймурод Эшзода