Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ баҳри тақвияти дониш

Вохӯрӣ баҳри тақвияти дониш

Санаи 1-уми майи соли равон дар толори таълимии ДДМИТ бо иштироки доираи васеи донишҷӯён дарси кушоди тарбиявии директори маркази «Хирад», адабиётшинос, номзади илми филологӣ, Абдуҷалили Амон баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати тарбияи А.Давлатзода ва декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт С.Темурбекова сухани ифтитоҳӣ намуда, гуфтанд, ки дар ҳақиқат, инсон ва китоб ин ду мафҳумҳое мебошанд, ки инҳоро аз ҳам ҷудо кардан ғайриимкон аст. 
Пасон адабиётшинос А.Амон дар баромадаш қайд намуд, ки китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Хазинаест, ки тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғӯшаш аст. Дар ҳақиқат, ин ҳама гуфтаҳо арзандаи китоб мебошанд, гуфт баромадкунанда. Ӯ, ҳамчунин, оид ба фаъолияти маркази «Хирад» ба донишҷӯён маълумот дода, аз онҳо даъват ба амал овард, ки бештар ба мутолиаи китоб машғул гардида, маънавиёти худро бой гардонанд. 
Пас аз суханронии нотиқон миёни донишҷӯён аз китобҳои хондаашон саволу ҷавоб ва нақлҳои ҷолиб доир гардид, ки ҷамъомадро хотирмон гардонид. 
Мақсади асосии баргузории иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ҷалби донишҷӯён ба китобу китобхонӣ ва ба ин васила, дар зеҳни онҳо ташаккул додани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, меҳанпарастию эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. 


Тағоймурод Эшзода