Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар ДДМИТ

Оғози озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар ДДМИТ

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол аст, ки байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» гузаронида мешавад. 
Ин дафъа рӯзи 2 май бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар озмун донишҷӯёни 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд, аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Иштирокчиёни озмун ва устодони онҳоро намояндагони кумитаи тадорукот пешвоз гирифта, бо шароити таҳсил ва буду боши донишҷӯёни ДДМИТ ошно сохтанд. Меҳмонон аз бинои нави таълимӣ, озмоишгоҳҳои замонавӣ, китобхонаи илмии таълимгоҳ дидан карда, ба шароитҳои мавҷуда баҳои баланд доданд. 
Дар маросими кушодашавии озмун Гулмуродзода Карим Гулмурод, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазиров Собир, муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Ҳалимхонов Акбархон, сардори Маркази такмили ихтисоси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Хайруллозода Шамсулло, муовини Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 
Озмунро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим кушода, аҳли толорро бо Иди касбии кормандони мақомоти андоз, ки рӯзи 4 май таҷлил мегардад, шодбош гуфта, изҳор дошт, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин озмун дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Мавсуф аз ҳамкориҳои ин ду ниҳод дар самти ҷалби кормандони варзидаи мақомоти андоз дар раванди таълим, ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмию амалӣ, ҷалби устодони донишгоҳ дар таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, аз он ҷумла Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Ректор қайд намуд, ки дар натиҷаи ин ҳамкориҳо қариб 500 нафар хатмкардаи донишгоҳ дар Кумитаи андоз ва зерсохторҳои он муваффақона фаъолият намуда истодаанд, ки аз сатҳи баланди мутахассисони омонамудаи мо дарак медиҳад, гуфт Абдуалимзода Ҳ. 
Дар охир ректор ба роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар самти омоданамоии кадрҳои соҳаи андоз изҳори сипос намуда, ба иштирокчиёни озмун барор хост. 
Сипас Гулмуродзода Карим баромад карда, аз ташкил ва баргузории озмун изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат зина ба зина роҳандозӣ мешавад. То имрӯз дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва умуман, ислоҳоти низоми андозбандӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Ташкили чунин озмунҳои маърифатӣ низ барои рушди зеҳнии донишҷӯён кумак расонида, барои беҳтар омӯхтани асосҳои андоз ва андозбандӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат менамояд. 
Дар идома Вазиров Собир, намояндаи Кумита тартибу қоидаҳои озмуни мазкурро барои иштирокчиён муаррифӣ кард ва барояшон муваффақият хост. 
Пас аз бахши ифтитоҳӣ озмун дар маркази тестии донишгоҳ идома ёфт. 
Озмун рӯзи 3 май ҷамъбаст мегардад. 


Абдуллоева М.