Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Машғулият баҳри тақвияти одоби инсонӣ

Машғулият баҳри тақвияти одоби инсонӣ

Бо ибтикори раёсати тарбияи донишгоҳ санаи 3-юми майи соли равон дарси кушоди тарбиявии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ Озод Саидҷаъфаров дар мавзуи «Одобу ахлоқ ҳамчун унсури шахсиятмеҳварии инсоният дар ҳастии ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёну устодон иштирок доштанд.
О.Саидҷаъфаров дар баромади худ аз нигоштаҳои Умари Хайём, Соиби Табрезӣ, Мирзо Бедил, Азизуддин Насафӣ, Ғании Кашмирӣ, Мавлои Балх, Шайх Аттор, Конфутсий ва Шаҳриёр, ки ба мавзуъҳои беаҳаммиятӣ бар одоби гуногуни инсонӣ, ахлоқи шахсӣ ва хонаводагӣ, дурушту дағал муносибат кардан бо атрофиён, писанд накардани дигарон, гирифтории кибру ғурур, асабоният шудан, дуруст риоя накардани одоби салом, бадгӯйиву ғайбат нисбат ба дигарон бахшида шуда буданд, мисолҳо овард ва таъкид намуд, ки дар ҳақиқат, аз он дар ҳеч муҳите ба хушӣ истиқбол намегардад ва ҳамеша мавриди вокунишу радди ҷомеа қарор мегирад. Ин амалу кирдорҳо инсонҳоро аз ҳам дур месозанд, дар решаи дӯстии одамон реша мезананд ва пояҳои ваҳдату ҳамдилии моро ноустувор мегардонанд.
Мавсуф дар идома гуфт, ки мо тоҷикон, хусусан зиёиён, ки ҷуз аз таълим масъулияти тарбияи ҷомеа низ бар дӯши мост, тозаву полуда аз ҳама хислатҳо ва амалҳои ношоиста бошем, чун ҷомеаи Тоҷикистон ва хусусан насли ҷавон маҳз бо талқину кӯшишҳои мо ахлоқан инкишоф меёбанд.    Дар охир сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ А Муллоҷонов роҷеъ ба рӯзмарра будани мавзуи муҳокимашуда ва зарурати ташкили дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва аҳаммияту таъсири он дар боло бурдани маърифати устодон ва донишҷӯён таклифҳои судманд ироа намуд.


Тағоймурод Эшзода