Хабарҳо
ДДМИТ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз»
Тавре хабар дода будем, рӯзҳои 2-3-юми майи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин озмун донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд, ширкат варзиданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти озмун ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода ба иштирокчиён, дастаҳо ва сарпарастон изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки ташкили чунин озмунҳо барои дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва таъмини мақомотҳои давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос хеле муҳим аст. Новобаста ба ҷойҳои ишғолкарда, муҳимтар аз ҳама, иштирокчиён донишҳои худро сайқал дода, мутахассиси соҳа мегарданд.
Сипас, Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳаммияти озмуни мазкур, фаъолияти мақомоти соҳаи андоз, тарзи қабул ба кор ва нақши кадрҳои болаёқат дар пешбурди сиёсати андозӣ маълумот дод.
Устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Розия Аҳмадҷонова аз сатҳи баланди ташкил ва баргузории озмун ва шароитҳои беҳтарини таълим дар ДДМИТ сухан ронд. Қайд кард, ки чунин озмунҳо робитаи байни муассисаҳои таълимиро боз ҳам қавитар карда, бозори меҳнатро бо кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир таъмин мекунанд. Мавсуф аз шароитҳои муҳайёнамудаи роҳбарияти донишгоҳ барои иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибон аз рӯйи ду номинатсия муайян гардиданд: инфиродӣ ва даставӣ. Дар натиҷаи баҳодиҳии воқеӣ ва шаффофи ҳакамон ғолибони озмуни инфиродӣ инҳо дониста шуданд: Меҳрангез Зоҳирова, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал, Раҳима Раҳмонова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Умарзода Собир, донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва Муҳайёхон Амонова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Бобоев Абдухалиқ, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Ғолибони номинатсияи даставӣ ба таври зайл муайян карда шуданд: Ҷойи якум ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюм ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав лоиқ дониста шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳама ғолибон Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарастони озмун ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар озмун иштирокдошта Сипосномаҳои ДДМИТ тақдим гардид.
Дар охир баҳри болидарӯҳии иштирокчиёни озмун аз ҷониби бахши фарҳанги ДДМИТ барномаи рангини фароғатӣ пешкаш гардид.
Фаридун Сафарзода