Хабарҳо
Иди Ғалаба барои миллати тоҷик бегона нест
Таҳти ҳамин унвон санаи 5-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодиТоҷикистон бо ташаббуси раёсати тарбия бахшида ба рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯрии донишҷӯён бо муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Заррина Файзуллозода баргузор гардид.
Сараввал ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ҳозиринро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, иброз дошт, ки сабақҳои ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ҷангу низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари олам ҳушдор медиҳанд, ки ҳар яки мо арзишҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм зҳтиёт кунем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар асри ХХ бадбахтии башарият ба ҳисоб мерафт, бо ғалабаи мардуми шуравӣ 9-уми май поён ёфт, ки тоҷикистониён дар он саҳми беандоза калон гузоштаанд ва Рӯзи Зафарро ҳар сол ба хотири ҳамватанонамон дар қатори дигар кишварҳо истиқбол мегирем. Ректор дар баромади худ аз бобокалони худ ёдовар шуд, ки дар набардҳои ҷанги ҷаҳонӣ иштирок намуда, ду дафъа ҷароҳат бардошта, дар баробари ин дар ҳифзи хоки ватан саҳм гузоштааст.
Меҳмонон - Д. Ашурова ва З. Файзуллозода дар баромади худ зикр намуданд, ки таҷлили Рӯзи Ғалаба барои миллати тоҷик бегона нест, зеро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тайи 300 ҳазор нафар тоҷикистонӣ дар қатори дигар шаҳрвандони собиқ шуравӣ сафарбар гардида буданд. Аз ин миқдор 90 ҳазор диловарони тоҷик дар набардҳо қаҳрамонӣ нишон дода, ҷони худро баҳри озод намудани ватан аз даст доданд. Барои диловарӣ 57 нафар фарзанди Тоҷикистон сазовори унвони Қаҳрамони ИҶШС гардиданд. Баромадкунандагон иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 11 нафар корманди ақибгоҳ ва 3 нафар иштирокчии бевоситаи набардҳо зиндагонӣ мекунанд, ки синни яке аз он ба 103 баробар аст. Имрӯз аз аҳволи зиндагии ин родмардони майдони набард хабардор шудан вазифаи ҳар шаҳрванди баору номуси кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар охир гуфта шуд, ки омӯзиш ва пос доштани саҳифаи зиндагии қаҳрамонҳои ин ҷанг барои тақвияти ҳофизаи таърихӣ ва ҳисси худшиносию ифтихори ватандорӣ замина мегузорад.
Тағоймурод Эшзода