Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арзёбии ҳолати фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзёбии ҳолати фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти ҳамин унвон рӯзи 6-уми майи соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодии факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он олимону муҳаққиқони дохилу хориҷ ба таври фаъол ширкат варзиданд. 
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Баҳром Сафаров меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, дар бораи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат доир ба масъалаҳои пешрафти иқтисодӣ сухан намуд. Номбурда қайд кард, ки рушди соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. 
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и. профессори кафедраи таҳлили иқтисодии ДДМИТ Рустам Қудратов дар мавзуи «Ҷанбаҳои институтсионалии дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд. Номбурда дар бораи имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва тавассути қонунгузорӣ дар самти дастгирии соҳибкорон муҳайё гардидааст ва ба тасвиб расидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногун изҳори андеша намуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мораторияҳои санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» ва «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» барои пешрафти соҳибкории хурду миёна мусоидат намуд. 
Хусусан, Қонун «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 марти соли 2009, таҳти №505 муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар ҳолати қабул ва амалӣ кардани мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим менамояд. 
Дар идомаи кори конференсия муовини ректори Институти давлатии Пушинои вилояти Маскав, д.и.и. профессор Олег Патласов дар мавзуи «Дидгоҳи алтернативӣ: ҷойгоҳи соҳибкории хурд дар иқтисод ва ғайрисамаранокии он» суханронӣ намуд. Номбурда зикр кард, ки соҳибкории хурд ба ҳалли мушкилоти марбут ба шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад. Инчунин, самаранокии истеҳсолотро баланд бардошта, ҷиҳати ҳавасмандию дастгирӣ тадбирҳо андешида, манбаи мунтазам ворид гардидани андоз ба буҷет мебошад. Мавсуф дар идома доир ба дастгирии махсуси соҳибкорон ва хоҷагиҳо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили хизматрасонӣ, истеҳсолоти хурд ва савдои чакана изҳори андеша намуд. 
Дар идома сардори Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Бадриддин Музаффаров дар мавзуи «Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи маориф», сардори Сарраёсати маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Кабирзода дар мавзуи «Маъмурикунонии андозҳои мустақим» ва сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Некрӯй Забирзода дар мавзуи «Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат» маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд. 
Тибқи назари мутахассисону муҳаққиқон, ҳиссаи соҳибкории хурду миёна дар тараққиёти иқтисодиёти мамлакат хеле назаррас мебошад. Аз ин рӯ, дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ ба воситаи пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ, қарзҳо бо меъёрҳои имтиёзнок ва содагардонии ҷараёни қарздиҳӣ баҳри рушди фаъолияти онҳо мусоидат менамоянд. 
Дар қисмати дуюми конференсия 70 маъруза пешниҳод гардида, маърузачиён доир ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, густариши муносибот дар самти баланд бардоштани тахассуснокӣ тавассути табодули таҷриба ва мусоидат дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ изҳори андеша намуданд. 
Дар фарҷоми конференсияи байналмиллӣ шартномаи ҳамкории тарафайн байни Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраҳои базавии кафедраҳои таҳлили иқтисодӣ, иқтисоди рақами ва логистика ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат ҷавобгӯ, ҳамкории мутақобилаи илмӣ, таълимӣ ва методӣ, татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия, ҷалб намудани мутахассисони соҳавӣ барои хондани курсҳои махсус аз фанҳои тахассусӣ, роҳбарии рисолаҳои хатмӣ хатмкунандагон ва ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии ихтисосҳои иқтисодиёти таҳлилӣ, танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ, иқтисоди рақамӣ ва кибернетикаи иқтисодӣ таҳкими ҳамкории минбаъдаи илмию амалӣ ба тарафайн муфид мебошад, ба имзо расонида шуд. 


Наврӯз Ҷобиров