Хабарҳо
Қодиров рисолаи номзадӣ ҳимоя кард
Боиси хурсандист, ки рӯз ба рӯз шумораи олимони ҷавон дар донишгоҳ меафзояд. Ин навбат эдвайзери тарбияи факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷаъфар Қодиров санаи 6-уми майи соли равон дар шурои муштараки диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Асосҳои педагогии омӯзиши технологияҳои компютерӣ ба донишҷӯён - мутахассисони ояндаи равияҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот таҳти роҳбарии профессор, доктори илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Абдулазиз Мирзоев бомуваффақият ҳимоя намуд.
Мақсади таҳқиқоти мазкур муайянсозии хусусиятҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар тайёр кардани мутахассисони равияҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Навгонии илмии таҳқиқот аз он иборат аст, ки бори нахуст муносибатҳои назариявӣ ва методологӣ доир ба коркарди малакаҳо ва салоҳиятҳои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодаи ТКИИ дар фаъолияти касбӣ таҳлил ва арзёбӣ гардидаанд, инчунин вазъи умумии мавҷудаи тайёрии донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарии ТКИИ дар фаъолияти касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Мо умед дорем, ки таҳқиқоти мазкур дар амалия татбиқ гардида, барои болобурди сифати таҳсилот мусоидат менамояд.
Бо ин дастоварди бузург Ҷаъфар Қодировро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳои нав таманно дорем.