Хабарҳо
Ҷаҳони забони англисӣ
Санаи 11-уми майи соли равон бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ озмун-виктаринаи забонҳои хориҷӣ дар мавзуи «Ҷаҳони забони англисӣ» баргузор гардид. Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ Г. Ҳусейнова дар бораи мавқеи забонҳои хориҷӣ изҳори андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки забони англисӣ яке аз забонҳои маъмул ва мондагори олам маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеа нақши беандоза калон дорад. Мақсади асосии таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ истифодаи амалии он мебошад, то ки забон чун воситаи муошират аз худ гардад ва маҳорати зарурӣ барои бомуваффақият ёд гирифтани забон ба даст ояд. Инчунин, дар ин самт масъалаи муҳимми пайвастани забонҳои ҷаҳон бо роҳи тарҷумаи осори илмӣ ва адабӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар шароити муосири илмии ҷаҳони пешрафта нақши тарҷумонҳо дар баҳамоии забонҳои қавмҳои гуногун муҳим мебошад. Ҳадафи асосии омӯзиши забони англисиро маърузачиён баланд бардоштани савияи забондонӣ, инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ номиданд.
Қайд карда шуд, ки ҳар як донишҷӯ ғайр аз он ки ихтисосашро хуб аз худ мекунад, бояд ба адабиёти бадеӣ низ рӯ орад, зеро китобхонӣ ва забономӯзӣ барои инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ мусоидат мекунад.
Иштироки фаъоли донишҷӯёни донишгоҳ дар бахшҳо, шеърхонӣ, саҳначаҳо, лаҳзаҳои мусиқӣ, муаммоҳо, зарбулмасал ва мақолҳо бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ, инчунин муколамаҳо озмунро рангин гардонид. Дар охир ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Тағоймурод Эшзода