Хабарҳо
Суҳбати озоди профессор бо донишҷӯён
Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» аввалин маҳфил-викторина дар доираи маҳфили «Соҳибкорони ҷавон» доир гардид, ки дар он А. Мирсаидов, профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ, З. Раҷабзода, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат», А. Давлатзода, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ ва доираи зиёди донишҷӯён аз макотиби олии пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғози маҳфил А. Давлатзода сухан карда, қайд намуд, ки дар замони имрӯза ҷавонон неруи созанда ва ояндаи миллат маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос доранд ва онҳоро доимо ҳавасманд ва дастгирӣ менамоянд. Ин аст, ки дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, хосса донишҷӯён ҳамаи шароитҳоро дар муассисаҳои олии кишвар муҳайё сохта, барои донишандӯзию касбазхудкунии онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
А. Мирсаидов бошад, дар баромади худ дар бораи моҳияти давлати иҷтимоӣ, иқтисодиёти симои инсонидошта, маҳфуми соҳибкорӣ, шаклҳои сармоя, шарикии иҷтимоӣ, шартҳои амалигардонии шарикии иҷтимоӣ ва шартҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ бо донишҷӯён суҳбати озод ба тариқи суолу ҷавоб доир карда, ба донишҷӯёни фаъол туҳфаҳои аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» таъсисдодашударо тақдим намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки гузаронидани чунин маҳфил-викторинаҳо дар ДДМИТ бори аввал буда, дар назар аст, ки он барои ҳавасманд намудани донишҷӯён ва дарёфти чеҳраҳои шинохта замина муҳайё месозад ва дар оянда ҳам баргузории чунин маҳфилҳои муфид ба фоидаи кор хоҳад буд.
Тағоймурод Эшзода