Хабарҳо
Оғози озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз»
Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чандест, ки ба маркази баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст ва дар он чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Ин навбат, рӯзи 12 майи соли равон, озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» дар ДДМИТ доир гардид. Дар маросими кушодашавии озмун муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ иштирок ва суханронӣ намуд.
Озмунро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек кушода, меҳмонону устодон ва иштирокчиёни озмунро ба даргоҳи маърифат хайрамақдам гуфт.
Сипас Абдухолиқзода Лутфия аз ташкил ва баргузории ин озмун изҳори қаноатмандӣ карда, қайд кард, ки азбаски асри XXI - асри технологияҳои иттилоотӣ аст, ягон соҳае нест, ки бе истифодаи технологияҳои иттилоотӣ пеш рафта бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди омӯзиши соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва дигар фанҳои табиӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро эълон намудаанд, ки албатта, бесабаб нест. Зеро омӯзиш ва рушди ин фанҳо барои наслҳои оянда хеле зарур буда, амалинамоии ҳадафҳои стратегии мамлакат аз рушди ин соҳаҳо вобаста аст.
Аз рӯйи таҳлилҳо айни замон дар 7 МТОК мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ омода карда мешаванд, вале ҳоло ҳам дар ҷумҳурӣ норасоии кадрҳои ин самт мушоҳида мешаванд. Бинобар ин, мо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристодем, ки ҷойҳои буҷавии ин ихтисос зиёдтар карда шавад.
Дар идома Абдухолиқзода Лутфия ба иштирокчиён барор хоста, таъкид намуд, ки ғолибон дар муассисаҳои таҳсилкардаи худ низ ҳавасманд гардонида мешаванд ва ин барои рушди камолоти эҷодии онҳо созгор аст.
Сипас ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек қайд намуд, ки бори аввал аст, ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар донишгоҳи мо доир мегардад ва иштирокчиёнро аз 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҷамъ овардааст. Озмун бахшида ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва ба ин васила баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ташаккули маҳорати истифодаи барномаҳои амалии компютерӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона карда шудааст.
Пешрафти илмию техникӣ ҳаётро боз ҳам осудатар, шавқовартар, бехавфтар, фаъолтар мегардонад ва дар ин комёбиҳо нақши асосиро барномаҳои амалии компютерӣ мебозанд, ки дар амалисозии он мутахассисони соҳа, яъне барномасозон нақши муассир доранд.
Аз ин лиҳоз, донишгоҳ тасмим гирифт, ки бори аввал дар ҷумҳурӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Барномасози беҳтарин”-ро барпо намояд ва шавқу ҳаваси донишҷӯёнро дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бедор намуда, аз байни онҳо чеҳраҳои беҳтаринро дарёфт намояд.
Баргузории чунин озмунҳо барои тақвияти дониши донишҷӯён мусоидат намуда, барои мутахассиси хуби соҳа шудан замина мегузоранд, зеро дар замони муосир барои амалигардонии рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ тибқи барномаю стратегияҳои давлатӣ маҳз мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан барномасозон заруранд.
Сипас озмун аз рӯйи 2 номинатсия: барномасозӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он 26 нафар аз 13 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок мекунанд. Рафти озмунро комиссияи салоҳиятнок ҳакамӣ менамояд.
Машҳура Абдуллоева