Хабарҳо
Дастаи “Молиячиён” - и донишгоҳ ғолиби озмуни ҳизбӣ
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 11-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни фарҳангӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Оила - макони муҳаббат аст” бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Сино баргузор гардид.
Дар озмун З.Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Р. Амробекова, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ж.Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, аъзои ҳакамони озмун ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ карданд.
З.Файзуллозода изҳор дошт, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсону рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Дар идома профессор Жило Гулназарзода дар бораи нақши занон дар ҷомеа, ба омӯзиш ҷалб намудани донишҷӯдухтарон ва дастгириву иқдомоти бузурги Ҳукумати кишвар нисбат ба бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, баргузории чунин озмунҳоро саривақтӣ ва муфид донист.
Озмун аз рӯйи чанд номинатсия баргузор шуд, ба монанди иҷрои суруди «Алла», парпеч кардани кӯдаки навзод, бастани галстук ва дигарон, ки ҳама дар ҳаёти оилавии ояндаи духтарон заруранд.
Тибқи хулосаи ҳакамон дастаи “Молиячиён”-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ