Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тақвияти ҳамкориҳо бо БОМКА

Тақвияти ҳамкориҳо бо БОМКА

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кафедраи хадамоти гумруки факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Коллеҷи сарҳадии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва зерсохтори коллеҷи мазкур Дафтари минтақавии Иттиҳоди Аврупо Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ – Марҳилаи 10 (Бомка 10) санаҳои 10-12- майи соли ҷорӣ дар донишгоҳ дар мавзуи “Оид ба татбиқи методологияи таълими электронӣ ва истифодаи платформаи таълимии электронӣ аз ҷониби идораҳои гумрук, байторӣ ва фитосанитарии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳияи модулҳои таълимии электронӣ” семинари илмӣ баргузор карда шуд. Баромадкунандагони асосӣ намояндагон аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи хадамоти гумруки ДДМИТ буданд. 
Маврид ба зикр аст, ки семинари мазкур аз ҷониби Консорсиуми шарикони Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии давлатии Ҷумҳурии Латвия амалӣ карда шуд ва дар он устодони донишгоҳ ширкат варзида, дар анҷоми семинар соҳиби сертификат гардиданд.