Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Беҳтарин барномасозон муайян гардиданд

Беҳтарин барномасозон муайян гардиданд

Тавре хабар дода будем, рӯзи 12 майи соли равон дар ДДМИТ озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» доир гардид, ки дар он 25 нафар довталаб аз 15 МТОК иштирок карданд. 
Дар ҷамъбасти озмун ректори ДДМИТ иштирокчиёни озмун ва роҳбарони онҳоро барои ширкати фаъолонаашон дар ин сабқат изҳори миннатдорӣ карда, дар баробари ин, ба ҳакамони озмун Садриддинов Парвиз, н.и.ф.м., дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Насриддинзода Мирзомуддин, н.и.и., дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои баҳодиҳии шаффофу одилона миннатдорӣ баён намуд. 
Ректор қайд намуд, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур шаҳодати завқи беандоза доштани онҳо ба самти технологияи иттилоотӣ ва татбиқи он дар соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ мебошад. 
Ҳамчунин, баргузории чунин озмунҳо барои зиёд намудани сафи барномасозон ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ нақши беандоза калон дорад. 
Сипас, сардори раёсати рақамикунонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубзода Суҳроб баромад карда, баргузории ин қабил озмунҳоро саривақтӣ ва барои омодасозии мутахассисони касбӣ муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки дар замони имрӯза талабот ба мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ хеле зиёд аст, аз ин рӯ, донишҷӯёни ин ихтисосҳоро лозим аст, ки аз болои хеш кор кунанд ва тамоми нозукиҳои соҳаро аз бар намоянд. 
Дар охир гуфта шуд, ки дар оянда вазорату идораҳо ва ширкатҳои ватанӣ барои баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ баҳри дарёфти мутахассисони касбии соҳа метавонанд саҳм гузоранд. 
Ҳамин тавр, озмун дар ду номинатсия ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян гардиданд. 
Дар номинатсияи барномасозӣ Муҳаммад-Алии Абдуқаюм, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ соҳиби ҷойи 1 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотонида шуд. Ҷойи 2 насиби Дустматзода Қурбоналӣ, донишҷӯи ДМТ бо Диплом ва 3000 сомонӣ, ҷойи 3 насиби Сангалиев Зикрулло, донишҷӯи Донишгоҳи Россию Тоҷикистон (славянӣ) бо Диплом ва 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд. 
Дар номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣ бошад, ҷойи 1 сазовори Раҳимов Некрӯз, донишҷӯи ДМТ бо Диплом ва 5000 сомонӣ, ҷойи 2 насиби Сафаров Дилбоз, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо Диплом ва 3000 сомонӣ ва барои ҷойи 3-юм Ҳоҷиев Муҳсиддин, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Диплом ва 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд. 
Ҳамзамон, ба аъзои ҳакамон ва роҳбарони илмии иштирокдорон Сипосномаи раёсати ДДМИТ супорида шуд. 
Ҳамин тавр, озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» дар сатҳи баланд доир гардид. 


Машҳура Абдуллоева